Вазъи ҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн. То +40 С гарм мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи июн дар баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво як то ду дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон ва НТҶ ҳаво аз ҳама гарм хоҳад буд.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар ҷануби Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 24-29, дар доманакуҳҳо 22-24 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ дар ин ҷо шабона то 20-25, рӯзона 35-40, дар ҷанубтар то 45 дараҷа баланд шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар доманакуҳҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришот аз меъёр кам буда, дар баъзе ҷойҳо меъёри иқлимӣ дар назар аст. Эҳтимол дорад, ки раъду барқи кӯтоҳмуддат дар аввалу охири моҳ ба амал меояд. Дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳ дар вилояти Хатлон вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 м/с ва тӯфони чангу туман имконпазир аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ ду дараҷа боло ва 24-29 дараҷа пешбинӣ шудааст. Дар нимаи аввали моҳ ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона аз 29 то 34 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ дар пойтахт болоравии ҳарорат дар назар аст — шабона то 25 ва рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаҷми боришот дар ҳудуди меъёри иқлимӣ (20 мм) дар назар аст. Эҳтимол дорад, ки раъду барқи кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Эҳтимоли пурзӯр шудани шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 м/с вуҷуд дорад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ҷойҳо аз меъёри иқлимӣ як дараҷа баланд ва дар водиҳо 25-27 ва дар ноҳияҳои куҳӣ 12-14 дараҷа гарм дар назар аст. Дар шимоли кишвар дар нимаи аввали моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона 11-16, рӯзона аз 25-30 то 31-36, дар куҳҳо шабона аз 5-10 то 8-13, рӯзона аз 15-20 то 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 35-40, дар куҳҳо шабона 12-17 ва рӯзона 25-30 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Пешбинӣ мешавад, ки миқдори боришот дар вилояти Суғд дар ҳудуди меъёр (дар водиҳо 4-5 мм, дар доманакуҳҳо 5-15 мм, дар куҳҳо 21-35 мм) ва дар баъзе ҷойҳо бештар дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо, доманакуҳҳо ва куҳҳо дар даҳрӯзаи якум ва дуюми моҳ раъду барқ рух медиҳад. Дар вақти раъду барқ ​​дар баъзе ҷойҳо вазиши шамол то 17-22 м/с меафзояд.

Дар ноҳияҳои куҳии НТҶ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳарорати миёнаи ҳармоҳаи ҳаво 17-20 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо аз меъёри иқлим як дараҷа паст мешавад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво тағирёбанда аст: шабона аз 8-13 то 11-16, рӯзона аз 19-24 то 22-27, дар баъзе ҷойҳо то 32 дараҷа гарм дар назар аст. Дар нимаи дуюми моҳи июн дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво шабона то 13-22 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм шавад.

Микдори боришот дар баъзе ҷойҳо аз меъёр зиёд (меъёр: 35-55 мм, дар ғарби ВМБК 8-20 мм) дар назар дошта мешавад. Дар давоми моҳ раъду барқ ​дар назар аст. Дар баъзе рӯзҳо дар баъзе ҷойҳо шамол аз самти ғарб то 15-20 м/с афзоиш ёфта, тӯфони чангу туман ба амал меояд.

Дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона то 10 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз -3 то +2, дар баъзе ҷойҳо то 10 дараҷа гарм, рӯзона аз 12 то 18 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 22 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст. Дар шарқи ВМКБ боришоти моҳона дар баъзе ҷойҳо 8-16 мм аз меъёр зиёд дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *