Дастури Эмомалӣ Раҳмон: Квотаҳои муҳоҷират муқаррар карда шавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ дастур дод, ки барои соли 2023 квотаҳои муҳоҷират муқаррар ва нерӯи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ҷалб карда шавад.

Ин санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, “бо мақсади ташкил ва танзими равандҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шудааст.

Дар фармон супориш дода мешавад, ки барои муҳоҷират ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба миқдори 7500 нафар квота муқаррар карда шавад. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва шартномаҳои саноати сармоягузорӣ дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ кор мекунанд, ба ин квота дохил карда намешаванд.

Дар замимаи фармон гуфта мешавад, ки квота барои шаҳрвандони Чин — 4950, Афғонистон — 550, Эрон — 300, Ӯзбекистон — 250, Русия — 230, Туркия — 200, Қирғизистону Покистон — 130, Ҳиндустон — 120, Қазоқистон — 100 ва дигар кишварҳо — 540 квота пешбинӣ шудааст. Квота барои кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳо ва бахшҳои зерини иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст: сохтмон — 3038, саноати коркард — 2145, савдо — 565, кишоварзӣ — 230, маориф — 195, геология — 185, хӯрокворӣ — 160, нақлиёт — 125, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хизмати маишӣ — 95, барқ — 85, тандурустӣ — 75, алоқа — 74, варзиш — 45, дигар соҳаҳои саноат — 483.

Бино ба иттилои додашуда, 3453 квота барои кор дар Душанбе, 1572 нафар дар НТҶ, 1235 нафар дар Хатлон, 1090 нафар дар Суғд ва 150 нафар дар ВМКБ иҷоза дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта барои ҷалби нерӯи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳз ҳамин миқдор квота (7,5 ҳазор) аз ҷониби ҳукумат ҷудо шуда буд. Зиёда аз 60% квота дар соли 2022, мисли соли ҷорӣ, барои шаҳрвандони Чин дода шудааст. Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон низ ба кишварҳое тааллуқ доштанд, ки саҳми нисбатан калон доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *