5 бемории ЗИМИСТОНА

Зуком ва шамолхӯрӣ

Фасли тирамоҳу зимистонро давраи зукому сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ (ОРВИ) меҳисобанд. Бо вуҷуди ба ҳам монанд будани аломатҳои ин бемориҳо табобати ҳар ду бояд ба таври гуногун ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, табиб сараввал ташхиси хунро муайян менамояд, то ки диагнози дуруст гузошта шавад. Бо пайдошавии аввалин нишонаҳои беморӣ, муддати 48 соат бояд ба табиб муроҷиат намуд. Танҳо баъд аз аниқ шудани беморӣ табобат ба роҳ монда мешавад. Худтабобаткунӣ ва худсарона истеъмоли дорувориҳо ҳолати беморро бадтар ва оқибатҳои ногувор ба бор меорад.

Систит

Бемории мазкур на танҳо ба бонувон, балки ба мардон маҳз дар фасли тирамоҳ бо сабаби гармохунукшавӣ ва паст шудани масунияти бадан асар мекунад. Ҳангоми систит илтиҳоби пешобдон ба вуҷуд омада, шахси бемор ҳангоми пешобкунӣ дарду нороҳатиро эҳсос мекунад. Хатари беморӣ дар он аст, ки он бемории пиелонефрит ва ҷараёни илтиҳобёбиро дар узвҳои ҷинсии занон ва дар мардон простатитро ба бор меорад. Беморӣ худ ба худ гум намешавад, аз ин рӯ, сари вақт ба табиб муроҷиат кардан лозим аст.

Депрессия

Дар фасли тирамоҳ аксарият гирифтори яъсу рӯҳафтодагӣ мешаванд, кӯтоҳшавии рӯзҳо ва ҳавои боронӣ табъи инсонро хира мегардонад. Нафарони ҳассос дар фасли тирамоҳ гирифтори депрессия мешаванд. Рафту ҳолати рӯҳафтодагӣ нагузашта, табъ хираву иштиҳо беш аз ду ҳафта гум бошад, ба табиб-терапевт муроҷиат кардан лозим аст. Эҳтимол ҷисм ба витаминҳо ниёз дорад ё сабаб дар чизи дигар аст. Ташхисҳои лабораторӣ ва духтури касбӣ ҳолати беморро муайян карда метавонанд. Ҳамчунин ба равонпизишк муроҷаит карда, ҳолати рӯҳиро ба эътидол овардан мумкин аст.

Бемориҳои банду буғумҳо

Дарди буғумҳо на танҳо бемории нафарони калонсол ба ҳисоб меравад, дар фасли тирамоҳ нафарони миёнасол низ азин беморӣ азият мекашанд. Нафароне, ки пештар ҷароҳат бардоштаанд ё гирифтори бемориҳои дасту пой ҳастанд, бештар гирифтори дарди буғум мешаванд. Барои муайян намудани сабабҳои беморӣ ба табиб-терапевт муроҷиат кардан лозим аст.

Аллергия

Дар фасли тирамоҳ нафароне, ки аз чангу пӯпанак аллергия доранд, аз бад шудани ҳолати худ шикоят мекунанд. Сабаби дар фасли тирамоҳ хурӯҷ намудани бемориҳои аллергикӣ дар он аст, ки дар ҳавои сард вақти бештари худро дар хона гузаронида, ҳавои хонаро тоза намекунанд. Табибон истеъмоли зиёди дорувориҳои зиддиаллергикиро тавсия намедиҳанд, зеро мустақилона муайян кардани сабабҳои пайдоиши он номумкин аст. Беҳтараш ба терапевт ё аллерголог муроҷиат намуда, сабаби аллергияро муайян намоед. Танҳо дар ҳамин сурат табиб табобати таъсирбахшро ба роҳ монда метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *