50 ҳазор сомонӣ туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар иштирокчии боқимондаи ҶБВ
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба – 9 май, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як иштирокчии боқимондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Дар ин бора Алишер Шарифов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба «Азия-плюс» иттилоъ додаааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ то рӯзи 9 май ба дастгирии собиқадорон расонида мешавад. Айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 нафар иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаётанд. Соли гузашта шумораи онҳо 24 нафарро ташкил дода, ҳар кадомашон 40 ҳазор сомонӣ кумак гирифта буданд.
Ҳамасола, дар баробари дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии шаҳру вилоятҳо низ ба иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои молӣ мерасонанд. Аз ҷумла, имсол Ҳукумати вилояти Суғд ба ҳар яке аз ду иштирокчии боқимондаи ҶБВ дар вилоят 15 ҳазор сомонӣ ва ба ҳар иштирокчии ақибгоҳ (51 нафар) 8 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Мақомоти шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшон низ анъанавор ба собиқадорони ҷанг кӯмак мерасонанд, вале ҳаҷми кумакҳои онҳо дар соли равон то ҳол расман эълон нашудааст. Соли гузашта, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба се иштирокчии ҶБВ дар пойтахт 10 ҳазор сомонӣ тақдим карда буд. Ҳукумати вилояти Хатлон низ ба ҳар нафар 5 ҳазор сомонӣ кумак расонида буд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа сафарбар шуда, беш аз 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ё бедарак шудаанд.
Бар пояи омори расмӣ, соли 2005 дар Тоҷикистон 9 ҳазору 900 нафар иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд. То соли 2025 бошад, ин шумора ба 17 нафар коҳиш ёфтааст. Дар муддати 20 сол, 9 ҳазору 883 иштирокчии ҶБВ аз олам гузаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ