50 000 сомонӣ барои ёфтани маҳбуси фирории тоҷик

Барои пайдо кардани суроға ё маълумот дар бораи маҳбуси фирорӣ Аҳмадбек Саидов 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ ваъда шудааст.

“Барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти ин маҳбуси фирорӣ мусоидат намояд, дар ҳаҷми 50 000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешниҳод шудааст”, — гуфтанд аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Аҳмадбек Саидов, маҳбуси 35 -сола шаби 18 ба 19-уми августи соли равон аз боздоштгоҳи №1-и Душанбе фирор карда буд. Аммо то ҳол дастгир нашудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хусуси ҷузъиёти фирори Аҳмадбек Саидов низ маълумоти муфассал надодаанд. Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ӯ  ба ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара муттаҳам аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.