50 рӯз муҳлат. Путин сиёсаташро тағйир медиҳад?

Рӯзи 14-уми июл президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки ба Украина силоҳ мефиристад. Дар айни замон ӯ ҳушдор дод, ки агар Русия ба сулҳ мувофиқат накунад, ҳамкорони тиҷории Маскавро таҳти таҳрим қарор хоҳад дод.

Коршиносон ин тасмими Трампро тағйири муҳими сиёсат дар муқобили Русия меноманд, ки бар пояи навмедӣ аз ҳамлаҳо ба ҳамсоякишвараш маншаъ мегирад.

Дар поёни мулоқот бо дабири кулли паймони НАТО Марк Рютте дар Кохи Сафед президент Трамп гуфт, ки силоҳи Амрико ба маблағи миллиардҳо доллар тавассути кишварҳои НАТО ба Украина фиристода мешавад.

Ӯ гуфт: “Мо бо дабири кулли паймони НАТО мулоқоти бузурге доштем. Мо дар мавриди Украина иқдоми каме дигар гирифтем. Мо ба НАТО миқдори зиёди силоҳ мефиристем. Онҳо пули силоҳро 100 дарсад пардохта, ба Украина мерасонанд”.

Дар бахши нави содироти силоҳ ба Украина пойгоҳҳои зиддиҳавоии “Пэтриот” низ шомил мешаванд, ки Украина ба он шадидан эҳтиёҷ дорад. Ба қавли Рютте, Олмон, Финландия, Дания, Шветсия, Норвегия, Бритониё, Нидерландия ва Канада дар хариди силоҳ барои Украина саҳмгир хоҳанд буд.

Марк Рютте, дабири кулли паймони НАТО, ки шоми 14-уми июл дар канори Трамп нишаста, бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт:

“Агар ман Путин мебудам ва мешунидам, ки имрӯз шумо тасмим гирифтаед, ки баъди 50 рӯз даст ба кор мешавед, шояд музокирот бо Укранаро нисбат ба ҳозира ҷиддитар мегирифтам. Ба фикрам барои онҳо ин хабари калон аст”.

Воқеан Трамп ба Путин барои ҷилавгирӣ аз таҳрим муҳлат додааст. Трамп дар ин бора чунин гуфт: “Мо нороҳат ҳастем, ман аз Русия нороҳатам. Дар ин бора шояд рӯзи дигар суҳбат кунем. Вале агар мо дар давоми 50 рӯз шоҳиди созише нашавем, дар ҳаҷми 100 дарсад тарофа ҷорӣ мекунем. Шумо онҳоро тарофаи сонавӣ меномед”.

Хабарнигори “Рейтерс” менависад, ки дар давоми се соли ҷанги Украина тиҷорати мамолики ғарбӣ бо Русия ба ҳадди имкон коҳиш ёфтааст, вале тарофаи сонавӣ кишварҳои шабеҳи Чину Ҳиндустонро дар бар хоҳад гирифт, ки аз Маскав бо нархи паст маводи сӯхт мехаранд.

Вале дар посух мақомдорони Русия исрор меварзанд, ки тадбирҳои Трамп ба нақшаҳои Кремл ҳеҷ таъсир нахоҳанд дошт. Константин Косачев, муовини раиси Шурои федералӣ – палатаи болоии парлумони Русия дар шабакаи Телеграмм навиштааст, ки “дар 50 рӯз дар ҷабҳаи ҷанг ва дар афкори мардуми кишварҳои ғарбӣ ҳар чиз метавонад рӯй диҳад. Он ба мавқеъгирии мо тағйире нахоҳад овард!”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *