5,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ дар 3 моҳ
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 846,8 миллион сомонӣ (тақрибан 81 миллион доллар) зиёда аз 5,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом дода шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шумораи чунин амалиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз ва маблағи умумии онҳо 50,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи рушди босуръати рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар мебошанд.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, дар чор соли охир шумораи амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ 73 фоиз афзуда, аз 10,7 миллион сомонӣ дар соли 2020 то 18,5 миллион сомонӣ дар соли 2024 расидааст. Ҳамзамон, маблағи умумии ин амалиётҳо дар ин давра қариб 5,5 баробар зиёд шуда, аз 543 миллион сомонӣ то ба 2 миллиарду 967 миллион сомонӣ расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ