6 миллион амалиёти ғайринақдӣ дар мақомоти андоз

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути ПОС-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 6 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ гузаронида шуд.

Айни замон дар фаъолияти 30 ҳазор субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардида, 27 ҳазор адади ин дастгоҳҳо дар як вақт функсияи Пос-терминалро низ иҷро намуда, имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ  анҷом диҳанд.

Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ ба афзоиши гардиши пул тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳиши сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *