6 осорхонаи муҳими Тоҷикистон
Ҳамасола 18-уми май Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳоро (International Museum Day) дар тамоми дунё бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Дӯстдорони таърих ва осори фарҳангӣ барои тамошо бо шахсони наздик ба осорхонаҳои дӯстдоштаашон мераванд. Ин ҷашн соли 1977 аз ҷониби Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (International Council of Museums) таъсис ёфтааст.
Дар Тоҷикистон низ 18-уми май ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми “Шабе дар Осорхона” баргузор мегардад. Барномаи “Шабе дар осорхона” бо мақсади ҷалби ҷомеа ба таърих ва фарҳанги кишвар, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ равона шудааст.
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо мо ба шумо дар бораи чанде аз осорхонаҳои маъруфи кишвар маълумот медиҳем.
1. Назаре ба осорхонаҳои машҳури Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз қадимтарин осорхонаҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 1934 таъсис ёфта, аввал унвони таърихӣ-ҳунаршиносиро дошт ва то соли 2011 ба номи рассоми маъруф Камолиддин Беҳзод буд. Соли 1959 бошад, ба осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии санъати тасвирӣ ва таърихӣ-ҳунаршиносӣ табдил дода шуд. Моҳи ноябри соли 1999 мақоми “осорхона миллӣ”- ро гирифт ва моҳи марти соли 2013 ба бинои муҳташами ҳозира кӯчид. Агар дар соли 1934 дар осорхона ҳамагӣ 530 экспонат мавҷуд бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 50 000 мерасад. Масоҳати осорхона 15 000 м.кв буда, 22 толори барҳаво дорад. Чор шуъба – таърихи асрҳои миёна ва қадим, таърихи қадимтарин, таърихи нав ва навтарин, инчунин шуъбаи табиат ва санъати тасвирӣ ба тамошобинон хизмат мекунанд. Ҳамасола таҳти роҳбарии Осорхонаи миллии Тоҷикистон экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешаванд, ки ба ғанӣ гардидани фонди он мусоидат менамояд.
2. Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
Яке аз осорхонаҳои беназири Тоҷикистон аст. Зиёда аз панҷ ҳазор намунаи беназири маҳсулоти санг, керамика, заргарӣ, ашёи рӯзгор, рассомӣ ва ҳайкалтароширо дар бар мегирад. Экспозитсияи осорхона аз маводҳое иборат аст, ки дар тӯли 60 соли кори экспедитсияҳои бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Дар он якчанд толор фаъолият мекунад, ки ҳар кадоме ба марҳилаи алоҳидаи рушди халқҳои қадимаи Осиёи Миёна, ки аз замони биринҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бахшида шудааст. Нодиртарин ёдгории осорхона ҳайкали Буддо дар ҳолати нирвана мебошад, ки дарозии он 12,85 метр ва вазни он 5,5 тонна аст ва то имрӯз бузургтарин ёдгории буддоӣ дар тамоми ҷаҳон ҳисобида мешавад.
3. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Осорхона дар қалъаи қадимаи Хуҷанд, соли 1999 таъсис ёфтааст. Он соли 2006 дар заминаи Осорхонаи таърихӣ-ҳунаршиносии Суғд, қадимтарин осорхонаи Тоҷикистон, ки соли 1931 таъсис ёфтааст, навсозӣ шуд. Осорхона зиёда аз 30 ҳазор экспонат дорад.
Дар осорхона толори элинизм бо панноҳои мозайкаи аслии мармари рангаро дидан мумкин аст. Дар он ҳаёти Искандари Мақдунӣ инъикос шудааст. Ҳамчунин, ҳайкали монументалии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик низ ёдгории арзишманди он аст.
4. Осорхонаи таърихӣ-ҳунаршиносии шаҳри Хоруғ
Соли 1944 таъсис ёфта, соли 1991 ба бинои якошёнаи кумитаи иҷроияи собиқи вилоят кӯчонида шуд. Осорхона дорои шуъбаҳои илм, табиат, таърихи қадим (археология ва этнография), таърихи давраи шӯравӣ ва таърихи навтарин мебошад. Ҳамзамон дорои зиёда аз ҳафт ҳазор экспонат аст. Дар толорҳои намоишӣ танҳо нисфи маҷмӯи осорхона мавҷуд аст. Қисми зиёди маҷмӯаро ашёи рӯзгори анъанавӣ, инчунин ҳуҷҷатҳо ва аксҳо ташкил медиҳанд. Хусусан аксҳои чоряки аввали асри ХХ, ки кормандони осорхона тавонистанд аз қадимтарин сокинони шаҳр ҷамъоварӣ кунанд, арзишманд мебошанд.
5. Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто»
Осорхона соли 1982 дар Бохтар ба муносибати 50-солагии обёрӣ намудани водии Вахш таъсис ёфтааст. Дар он экспонатҳои нодир аз рӯзгори халқи тоҷик ба намоиш гузошта шудааст. Дар вилояти Хатлон ҳамчунин комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Кӯлоб аз соли 1978 фаъолият мекунад. Комплекс осорхонаи мероси хаттӣ ва адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Осорхонаи “Шараф” ва осорхонаи шоир Саидалӣ Вализодаро муттаҳид кардааст.
6. Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
Соли 1958 ба ифтихори 1100-солагии таваллуди устод Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфтааст. Дар осорхона экспонатҳо аз Панҷакенти Қадим ва давраҳои гуногуни зиндагии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шудааст. Асоси маҷмӯаи осорхона ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ҳастанд, ки баҳори соли 1932 аз ҷониби чӯпон Ҷӯралӣ Маҳмадалӣ, ки гӯсфандонро дар наздикии деҳаи Хайробод мечаронид, пайдо карда шуданд. Ҳоло дар шаҳри Панҷакент осорхонаи Панҷакенти қадим ва Осорхонаи Саразм низ ба рӯйи тамошобинон кушода аст.
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ