7 маҳсулот барои мустаҳкам кардани хотира
Барои зеҳни солим ва хотираи хуб истеъмоли ғизои дуруст ва бой аз моддаҳои фоиданок бисёр муҳим аст. Хӯрданиҳои лазизи муфиде ҳастанд, ки барои фаъолияти хуби майнаи сар ва мустаҳкам шудани хотираи инсон фоида доранд.
1. Моҳии равғанӣ
Моҳӣ, махсусан навъҳои равғании он аз омега бой буда, ба фаъолияти хуби майнаи сар мусоидат менамояд.
2. Тухм
Тухм манбаи холин буда, барои мустаҳкам шудани хотира муҳим мебошад.
3. Мева
Махсусан гелос, олуча, зардолу ва буттамеваҳо, аз ҷумла клубника аз антиоксидантҳо ва моддаҳои зиддиилтиҳобӣ бой буда, майнаи сарро муҳофизат мекунанд ва фаъол мегардонанд.
4. Чормағз ва бодом
Омега-3, витамини E ва антиоксидантҳо дар таркиби чормағз ва бодом зиёд буда, шахсоне, ки хӯрдани ин донагиҳоро хеле дӯст медоранд, қобилияти ақлониашон торафт баландтар мешавад. Махсусан чормағзи англисӣ хеле фоиданок аст.
4. Сабзавот ва кабудиҳо
Махсусан исфаноҷ, брокколи аз витамини K, лутеин ва фолат бой буда, фаъолияти мағзи сарро беҳтар месозанд.
5. Шоколад
Шоколади сиёҳ (70% какао ва бештар) миқдори ками кофеин ва антиоксидантҳо дошта, майнаи сарро фаъол ва зеҳни касро равшан месозад.
6. Авокадо
Авокадо барои гардиши хун дар майнаи сар кумак мекунад ва равғанҳои солим дорад.
7. Ғалладонагиҳо
Ҷав, нахӯд, лӯбиё ба ҷисму ҷони кас энергия ва глюкозаи устувор медиҳанд, ки барои кори мағзи сар низ муҳим мебошад.
Илова бар ғизо: Оби кофӣ бинӯшед – камобӣ боиси хастагӣ ва кам шудани таваҷҷуҳ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ