80-солагии Пойгоҳи ҳарбии 201-ум қайд карда шуд

80-умин солгарди таъсиси Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки бузургтарин иншооти низомии бурунмарзии Русия аст, рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Душанбе таҷлил карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳаштумин солгарди Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аст, ки қайд карда мешавад. Чорабиниҳои ботантана бахшида ба 80-солагии пойгоҳ бо гузоштани гулчанбарҳо ба назди оташи абадӣ дар хиёбони қаҳрамонони ҳамин пойгоҳ оғоз ёфтанд. Сипас хизматчиёни ҳарбӣ маҳорати варзишию ҷангӣ ва ҳунарии худро нишон доданд.

Мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов қайд кард, ки пойгоҳ “… яке аз омилҳои муҳими субот дар кишвар мебошад”.

Хотирнишон мекунем, ки ин қисми низомӣ соли 1941 дар вилояти Ленингради Русия ташкил ёфта, дивизияи 201-ум соли 1944 ҳангоми озод кардани Гатчина таъмиди ҷангӣ гирифт. Дар наздикии Луга ордени Байрақи Сурхро гирифт ва баъд ҷангида, кишварҳои назди Балтикаро аз неруҳои фашистӣ озод кард. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дивизия барои амнияти сарҳадхои ҷанубиро таъмин кардан ба ҶШС Тоҷикистон кӯчонида шуд. Дар соли 2004 он ба Пойгоҳи низомии 201 табдил дода шуд. Пойгоҳ дар Душанбе ва Бохтар мустақар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *