9 паҳлавони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд (аудио)

То оғози чемпионати ҷаҳон рўзҳои башумор мондааст ва 80 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар чемпионати 35-уми ҷудои ҷаҳон байни бузургсолон, ки аввалин бор дар таърих Тошканд мизбони он мешавад, тасдиқ карданд.

Айни замон шумораи кишварҳое, ки иштироки худро расман тасдиқ кардаанд, ба 80 расид. Дар чемпионати ҷаҳон, ки аз 6 то 13-уми октябр баргузор мешавад, шумораи кишварҳои иштироккунанда меафзояд.

Чемпионати ҷаҳон, ки Тошканд мизбонаш мешавад, аз рўи ҳисоб мусобиқаи 35-ум хоҳад буд. Охирин Чемпионати ҷаҳон аз 6 то 13-уми июни соли гузашта дар варзишгоҳи «Ласло Паппа»-и Будапешт баргузор шуда буд. Дар Маҷористон 661 нафар (383 мард, 278 зан) ҷудокор аз 118 кишвар барои медалҳо мубориза бурданд.

Дар чемпионати Тошканд 9 ҷудокори тоҷик иштирок мекунанд, ки инҳо Темур Раҳимов (+100 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (66 кг), Беҳрўзи Хоҷазода (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Абубакри Акобир (100 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг) ҳастанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо дар байни 172 кишвар бо 13253 имтиёз дар ҷойи 41-ум аст. Дар панҷгонаи аввал дастаҳои Ҷопон, Русия, Фаронса, Бразилия ва Олмон қарор доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.