Аҳолии сайёра ба 8 миллиард расид (аудио)

Аҳолии сайёраи Замин ба 8 миллиард нафар расид. Ин хабарро  хадамоти матбуоти Созмони Милали Муттаҳид дар асоси омори нав нашр кард.

Созмони Милал ҳанӯз рӯзи 11-уми июл, дар Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ бо нашри гузориши “Дурнамои аҳолии ҷаҳон 2022” (“World Population Prospect 2022”) эълон кард, ки инсоният дар остонаи фатҳи қуллаи 8 миллиард қарор дорад ва сокини ҳаштмиллиардуми сайёра дақиқан рӯзи 15-уми ноябри соли 2022 ба дунё хоҳад омад.

Афзоиши қобили мулоҳизаи шумораи аҳолии дунёро ба омилҳое чун рушди соҳаи тиб, пешрафтҳои бадастомада дар масоили беҳдоштӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва фарогирии эмзанӣ аз бемориҳои мухталиф рабт медиҳанд.

Дар дусад соли охир шумораи аҳолии Замин 8 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар аввали асри 20 дар сайёра ҳамагӣ якуним миллиард нафар зиндагӣ мекард. Дар ибтидои асри 21 шумораи аҳолии дунё ба 6 миллиард ва дар соли 2011 ба 7 миллиард нафар расид. Ба инсоният ҳамагӣ 11 сол лозим шуд, то шумораи худро боз ба як миллиард нафари дигар афзоиш диҳад ва қуллаи 8 миллиардро ҳам фатҳ кунад.

Дар асоси ҳисоби СММ, шумораи аҳолии Замин то соли 2030 ба 8,6 миллиард, то соли 2037 ба 9 миллиард, то соли 2050 ба 9,5 миллиард ва соли 2058 ба 10 миллиард мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *