Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ — шоири соҳибмактаби тоҷик (аудио)

Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳ баргузорт гардид. Ин сана ҳамасола дар кишвар 22-юми сентябр истиқбол карда мешавад.

Дар ин чорабинӣ Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинон иштирок карданд.

Фирӯза Шарифӣ табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба ин муносибат қироат карда, гуфт, ки “устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шоири соҳибмактаб буда, бо гузашти беш аз ҳазор сол осори ӯ ҳанӯз байни мардум пойбарҷову маҳбуб аст”.

Ӯ афзуд, ки “ин шахсияти барҷастаи адабиёт дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани баландмазмуни худ барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти тоҷику форс пояи устувор гузошт”.

— Рӯзи Рӯдакӣ рӯзи шинохти тамаддуни миллӣ, забони модарӣ ва рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози мост,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.