Аббос Ароқчӣ: Ҳанӯз тавофуқи расмӣ дар бораи оташбас бо Исроил вуҷуд надорад

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир байни Эрон ва Исроил ҳеч гуна тавофуқи расмӣ дар мавриди қатъи амалиёти низомӣ ё оташбас ба имзо нарасидааст.

Ба гуфтаи ӯ, агар Исроил ҳамлаҳои низомии худро қатъ кунад, Эрон низ дар пайи посухи низомӣ нахоҳад шуд. Ароқчӣ дар саҳифаи «Х»-и худ навишт:

«Бо вуҷуди он ки тавофуқе нест, агар режими Исроил ҳамлаҳои ғайриқонунии худро қатъ кунад, Эрон низ амалиёти ҷавобиро анҷом намедиҳад. Қарори ниҳоӣ дар бораи қатъи амалиёт аз ҷониби мо гирифта хоҳад шуд».

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки  «ҷангро Исроил оғоз кардааст». Изҳороти Ароқчӣ чанд соат пас аз он садо дод, ки Доналд Трамп, президенти ИМА дар саҳифаи худ дар «Truth Social» навишт, ки  гӯё Эрон ва Исроил ба як оташбаси комил мувофиқат кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *