Аббос Ироқчӣ барои баррасии масоили Ховари Миёна вориди Маскав шуд
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бо сафари расмӣ ба пойтахти Русия – шаҳри Маскав ворид шуд. Ин сафар бо ҳадафи баррасии таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Эрон ва Русия анҷом мешавад.
Қарор аст, ки Ироқчӣ дар ҷараёни ин сафар бо Владимир Путин, президенти Русия ва дигар мақомдорони баландпояи рус дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Ба гуфтаи худи Ироқчӣ, мулоқотҳо ба масъалаҳои муҳими минтақаӣ, аз ҷумла “муқовимат бо таҳдидҳои муштарак ва баррасии таҳаввулоти рӯзҳои охир” бахшида хоҳанд шуд.
Ӯ таъкид намудааст, ки дар дидор бо роҳбарияти Русия баҳсҳои ҷиддӣ ва муҳиме дар бораи манфиатҳои муштараки ду кишвар сурат мегирад. Ин гуфтугӯҳо дар замоне ҷараён мегиранд, ки танишҳо миёни Эрон ва кишварҳои Ғарб, хусусан Иёлоти Муттаҳида ва Исроил афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ