Абдуҳалим Ғаффорзода: Дар сиёсат нодуруст по гузоштан – афтодан дар чоҳ аст!
Равзанаи ошноӣ:
Абдуҳалим Ғаффоров 24-уми декабри соли 1951 дар деҳаи Кулолӣ, шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Омӯзгор, ходими сиёсӣ, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (2004-2024), номзад дар интихоботҳои президентии Тоҷикистон 2006, 2013 ва 2020 мебошад. Ду навбат вакили парлумон.
Солҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаву ҷамъиятӣ фаъолият кардааст. Бо медалҳои «Барои шуҷоат», «5, 10, 15-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «130-солагии Сталин», «20 лет вывода советских войск из Афганистана», «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
– Фаъолияти сиёсии шумо аз куҷо оғоз шуд?
– Баъди хатми мактаби олӣ ва дар кор дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон. Дар давраи ҳассос дар Афғонистон будам. Ҳизбҳои гунони сиёсӣ дар рақобат буданд. Барнома ва вазифаи онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода будам.

Албатта, ворид шудан ба сиёсат кори саҳлу осон нест, зеро ин роҳ душвориҳо дорад, иродаи матин лозим аст. Сиёсат тағйир, ташаккул ва инкишоф меёбад.
Дар сиёсат ҳамон вақт мавқеъ ва мароми худро меёбед, ки моҳияти онро дарк кунед ва равандҳои онро таҳлилу баррасӣ карда тавонед.
Дар сиёсат нодуруст по гузоштан – ин афтодан ба чоҳ аст. Соли 1998 ман аввалин маротиба зери роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев комитети Ҳизби сотсиалистии шаҳри Душанберо роҳбарӣ кардам.
Он вақт бисёр давраи ҳасосу нозук буд. Бисёр мардум моҳияти асосии сиёсатро дарк намекарданд.
– Ҳизбе, ки шумо онро роҳбарӣ мекардед, дар фазои сиёсии Тоҷикистон чӣ нақш дошт ва дорад?
– Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар нақши муҳим ва хоси худро дорад. Мо ҳамчун як ҳизби сиёсие, ки ҳадафаш пешбурди манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус коргарон, маъюбон, пиронсолон ва оилаҳои камбизоат мебошад, фаъолият мекунем. Ҳизби мо кӯшиш мекунад, ки тавассути барномаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки асосаш ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум аст, саҳми худро дар ташаккули ҷомеаи демократӣ ва пешрафти иқтисодӣ гузорад.
Дар интихоботҳои гуногун мо бо пешниҳод кардани номзадҳои худ, фаъолона дар муборизаи сиёсӣ иштирок карда, имкони ифодаи афкор ва талошҳои худро пайдо кардем.
Ҳизби сотсиалистӣ ҳамеша талош кардааст, ки мавқеъ ва манфиатҳои табақаҳои заифтарро дар сиёсати кишвар ба назар гирад ва дар қабули қарорҳо ин назарҳоро инъикос кунад.
Мо ба низоми интихоботӣ ва қонунҳои кишвар эҳтиром мегузорем ва ҳадафамон ҳамеша идомаи фаъолият дар доираи қонун ва Конститутсия мебошад.

Ман вақте сарварии ҳизбро ба уҳда гирифтам, давраи мушкилтарин буд. Пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳамин ҳизбро парлумонӣ мекунам. Ва ин мақсади худро дар амал татбиқ кардам. Ба ғайр аз ин, дар маҷлисҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вакилони мо интихоб шуданд. Ҳизб ҳамон вақт рушду такомул меёбад, ки агар воқеаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро бо тарозуи хирад чену бар кунад.
– Шумо дар чанд интихоботи президентӣ ҳам номзад будед. Чӣ бардоште аз ин таҷрибаи зиндагӣ доред?
– Албатта номзад ба президентӣ кори саҳлу осон нест. Бисёр мардум тасаввур мекунанд, ки мо ҳамту худамон бо супориши ягон нафар ба интихобот рафтем. Не охир! Дар Конститутсияи мо навишта шудааст, ки номзад ба президентии Тоҷикистонро ҳизби сиёсӣ пешниҳод мекунанд. Соли 2006 ман аввалин маротиба ба номзадӣ пешниҳод шудам. Албатта он вақт душманҳои ман хеле зиёд буданд.
Маро 18 маротиба ба суд ҷеғ заданд. Ҳатто бюрои сиёсии СММ ба муқобили ман баромад, ки ҳақи иштироқ надорам. Вале дар ҷавоб ба ҳама гуфтам, ки ман дар доираи қонунҳои мавҷуда амал мекунам ва аз роҳам нагаштам.
– Имрӯзҳо, дар бознишастагӣ ба чӣ кор машғул ҳастед?
– Машғули кори эҷодӣ ҳастам. То имрӯз 10 китоби ман нашр шудааст. Ду повест – “Савдои умр” ва “Сафари хуршед”-и ман ба дасти хонанда расидааст. Тарҷумаҳо низ дорам. Ҳоло пас аз бознишастагӣ ва қатъи фаъолияти сиёсӣ ба кори эҷодӣ машғулам.
– Дар охир чӣ гуфтание доред?

– Мехоҳам дар кишварамон сулҳу ваҳдат пойдор ва ризқу рӯзӣ фаровон бошад!
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ