Абдурашид Ҷалилзода: Донишкадаи мо вориди 4-гонаи беҳтарин муассисаи олӣ шуд
Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд соли 2024-ум ба чаҳоргонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар шомил шуд.
Дар ин бора директори донишкадаи мазкур Абдурашид Ҷалилзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
“Донишкада дар Рӯзи миллии иттилоотии Эрасмус+ дар байни 48 муассисаи олии кишвар беҳтарин дониста шуда, ба чаҳоргонаи беҳтарин дохил гардид. Ин дастоварди назаррас дар соли 2024 буд”,-гуфт номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2024-ум 28 донишҷӯёи донишкада барои мубодилаи академӣ ва омӯзиш ба хориҷи кишвар фиристода шуданд.
Соли 2024 аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки донишкадаро хатм карданд, 630 нафар ё худ 82% бо кор таъмин гардиданд.
“Хатмкардагони донишкада дар корхонаву ташкилотҳои бонкӣ, мақомоти андоз, корхонаои саноатӣ ва дигар идораҳо фаъолият доранд”-таъкид дошт Абдурашид Ҷалилзода.
Гуфта шуд, ки соли гузашта нақшаи қабули донишҷӯён дар донишкада 96,3% иҷро шуд. Дар донишкада таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ