Абдурозиқ миллионер шуд

Ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхони тоҷик Абдурозиқ соҳиби раводиди тилоии АМА шудааст.

Аз Абдурозик ҳамчун блогери машҳур низ ном бурда мешавад, ки дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” саҳифаи худро дошта,  беш аз 1 миллиону 200 ҳазор обуначӣ дорад.

Аз наворе, ки Абдурозиқ  дар саҳифааш нашр кард, дида мешавад, ки як мақомдори АМА ба Абдурозиқ раводиди тиллоӣ медиҳад. Ин раводид ба Абдурозиқ имкон медиҳад, ки то 10 сол озодона дар Аморати Муттаҳидаи Араб кор ва зиндагӣ кунад.

 Моҳи июн низ Абдурозиқ ба Дубай сафар карда буд ва он ҷо бо тими миллии АМА «Ал-Васл» шартномаи ҳамкорӣ баст.

Ҳамчунин Абдурозиқ барои доир намудани муҳориба бо ҳамсолу ҳамвазни худ Хасбулло ба Доғистон рафта буд ва суҳбати рӯбарӯи онҳо дар шабакаи Youtube ба яке аз барномаҳои сербинандатарин табдил ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *