Афғонистон аз Русия ҳудуди 1 миллион бушка нафт мехарад

Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва савдои Афғонистон дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости” изҳор доштааст, ки Афғонистон аз Русия ҳудуди 1 миллион бушка нафт мехарад.

Вай афзудааст, ки Кобул омода аст, агар Маскав ба он розӣ шавад, нафти бештарро харидорӣ намояд.
«Мо ҳамчунин мехостем, ки варианти тиҷорати бартериро пазирем. Ба шарте, ки Русия ба маҳсулоти Афғонистон эҳтиёҷ дошта бошад»,- афзудааст Азизӣ.

Ҳайати Вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон як рӯз пеш вориди пойтахти Русия шудаанд. Музокирот рӯзҳои 15 ва 16-уми август дар назар аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.