Афғонистон ба балои нав печид

Дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухаддир сабт шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст. Чунин вазъ ваъдаи толибонро зери суол мебарад.

Баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишту истеҳсоли афъюн дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.

Ба гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид, дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.

Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки раҳбари толибон дар баҳори соли ҷорӣ кишти афъюнро мамнуъ карда буд. Онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки дар даврони ҳукуматашон ба ин самт таваҷҷуҳ карда, сатҳи кишту истеҳсоли онро коҳиш медиҳанд. Аммо оморҳо баръакси ваъдаҳо шуданд.

Афғонистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони афюн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки ҳиссаи он тибқи баъзе гузоришҳо 80% аст. Дар ин кишвар тақрибан чаҳор миллион нафар муътоди маводи мухаддир буда, беш аз 500 ҳазор нафар ба тиҷорат, кишт ва қочоқи маводи мухаддир машғуланд.

Қаблан Хадамоти марзбонии Тоҷикистон низ аз афзоиши шумораи корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва афзоиши истеҳсоли ҳероин хабар дода буд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе гуфта буд, ки то охири соли 2021 дар кишвар беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ин рақам 2,5 тонна буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.