Афиша: Намоишномаи «Қисмат» дар театри Камоли Хуҷандӣ

Имрӯз, 18-уми ноябр соати 12:00 дар толори хурди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоишномаи «Қисмат» манзури тамошобинон мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки намоишномаи «Қисмат» дар таҳияи саркоргардони театр Суҳроб Шехов омода шудааст. Намоишномаи мазкур драмаи иҷтимоӣ, проблемаи замони муосирро дар бар гирифтааст.

Инчунин, ҳамин рӯз Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов намоишномаи “Таъбири ишқ”-ро аз рӯйи достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Н. Ганҷавӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ пешкаши мухлисон мегардонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.