ҳаҷ

Афшини Муқим: Зоири фавтидаи тоҷик аз муоина тиббӣ гузашта буд

Абдулло Шарифов, зоири тоҷик, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ даргузашт, қабл аз сафар аз муоинаи тиббӣ гузашта будааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, масъули сафарбарии тоҷикон ба ҳаҷ гуфтааст, ки Абдулло Шарифов рӯзи 13-уми июн аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рафтааст.

«Пеш аз сафар ҳамаи зоирон ба Кумита шаҳодатномаи муоинаи тиббиашонро месупоранд. Онҳое, ки вазъи саломатиашон бад аст, иҷозаи сафар надоранд”,- гуфтааст Афшини Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, Абдулло Шарифов низ қабл аз сафар аз муоинаи тиббӣ гузашта, шаҳодатномаи тиббиашро пешниҳод карда будааст.

«Вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ шудааст. Дар Макка қариб як ҳафта аҳволаш хуб буд. 18-уми июн ӯ вафот кард. Баъдан маълум шуд, ки ӯ сактаи қалбӣ доштааст”,- афзудааст Афшини Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, ин зоири тоҷик рӯзи 19-уми июн дар яке аз қабристонҳои шаҳри Макка ба хок супурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки марҳум Абдулло Шарифов зодаи ноҳияи Мастчоҳ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *