Ронандагони хатсайрҳо вазифаи нав гирифтанд

Ширкати нақлиётии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар як изҳороташ гуфтааст, ки ронандагони автобусу троллейбусҳо бояд дар гармии ҳаво кондитсионерашонро фаъол кунанд.

Коршиносон қайд карданд, ки ин дар стандартҳои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ зикр шудааст.

Ҳамаи нақлиёти мусофирбар павйваста аз муоинаи техникӣ мегузаранд ва тамоми автобусу троллейбусҳо бо кондитсионерҳои коршоям муҷаҳҳаз мебошанд.

Гоҳе ҳолатҳое мешаванд, ки хати онҳо канда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо нақлиёт аз хатсайр гирифта намешавад, то ба кор халал нарасонад ва таъмир то рӯзи кории оянда анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки баъзе ронандагон аз даргиронидани кондитсионер худдорӣ мекунанд. Бинобар ин, як гурӯҳи корӣ амал мекунад, ки дар системаҳои хунуккунии воридшуда рейдҳо мегузаронад.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи июн дар пойтахт ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа ва болотар аз он мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *