Ҷанҷоли чеченҳову тоҷикон дар Маскав: се тоҷик захмӣ шуд (видео)

Беш аз 10 нафар барои занозании оммавӣ миёни зодагони Чеченистону Тоҷикистон дар Маскави Нав боздошт шудаанд. Чанде пеш яке аз гумонбарони охирин ба милитсия таслим шуд. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, задухӯрд рӯзи 16-уми май дар деҳаи Десна рух додааст. Як гурӯҳ аз чеченҳо мехостаанд дар назди мошиншӯӣ биистанд, аммо кормандони инҷо хоҳиш кардаанд, ки мошинро ба дигар ҷо баранд. Дар пайи ин ҷанҷол сар зада, зуд ба задухӯрд табдил ёфтааст.

Тибқи иттилои бадастомада, се тоҷикро бо захмҳои корд ва тир дар беморхона бистарӣ карданд. Пас аз задухӯрд, милитсия чанд гумонбарро дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии Маскави Нав боздошт кард, рӯзи дигар се марди дигарро боздоштанд ва ахиран яке аз ҳамлагарон худаш ба милитсия таслим шуд.

Гуфта мешавад, ки як ҷавони 27-сола бо насаби Даглаев ҳангоми задухӯрд ба яке аз рақибонаш корд задааст ва дарҳол пас аз задухӯрд аз Маскав ба Чеченистон парвоз кардааст, вале баъдан тасмим гирифтааст, ки таслим шавад. Нисбати Даглаев барои авбошӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *