Ҳайати расмии Тошқӯрғони Чин аз Хоруғ дидан кард

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин гурӯҳи кории ноҳияи мухтори тоҷикон — Тошқӯрғони Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Чин таҳти роҳбарии Зафар Атоулло ба ВМКБ ташриф овард.

Бино ба иттилоъ, гурӯҳи кориро раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ба ҳузур пазируфт. Вай дар ҷаласа қайд кард, ки фаъолияти роҳи Душанбе-Қулма, ки ҳамасола тавассути он ҳазорон тонна маҳсулот вориди кишвар мешавад, нишондиҳандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад. Раиси шаҳри Хоруғ аъзои гурӯҳи кориро барои ширкат дар ҳамоиши “Памир-Инвест”, ки дар ояндаи наздик баргузор мешавад, даъват кард.

Ҳамчунин дар навбати худ роҳбари ҳайати Чин Зафар Атоулло барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки вилояти Тошқӯрғон нияти барқарорсозии равобити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ бо шаҳри Хоруғро дорад.

Гуфта мешавад, ки пас аз вохӯрӣ гурӯҳи кории вилоятӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатии маркази маъмурии ВМКБ шинос шуданд. Баъд меҳмонон боғи марказиро тамошо карда, ба сифати баланди роҳу роҳравҳо баҳои баланд доданд. Пас аз боздид аз боғ меҳмонони чинӣ бо фаъолияти ҶДММ «Суман», ки ба коркарди санг тахассус дорад, шинос шуданд. Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо фаъолияти ҶДММ «Маунтин Фуд Продактс», ки роҳбари он зани соҳибкор Садрия Мародмамадова мебошад, шинос шуд.

Дар хабар зикр шудааст, ки пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои зикршуда гурӯҳи кориро дар назди бинои Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров муовини раиси шаҳр Нилуфар Асламшоева истиқбол гирифт. Ба меҳмонон намоиши театрикунонидашуда пешкаш гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *