Шикасти наврасони Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ

Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё (U-17) дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи наврасони Арабистони Саудӣ бозӣ кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки шомили гурӯҳи «С» аст, бозии якуми худро дар Ҷоми Осиё бо ҳамсолони худ аз Чин бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом дода буд. Бозӣ бо Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи «Чонбури» баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

Арабистони Саудӣ дар бозии аввал бо ҳисоби 2:0 бар Австралия зафар ёфт ва ҳоло бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дар бозии дигари гурӯҳ Чин бо ҳисоби 3:5 аз Австралия мағлуб шуд. Дар даври охир футболбозони тоҷик бо Австралия бозӣ мекунанд. Сарнавишти роҳ ёфтани наврасони Тоҷикистон ба даври плей-офф маҳз дар ҳамин бозӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд. Арабистони Саудӣ пеш аз муҳлат аз гурӯҳи мазкур ба даври плей-офф баромад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *