Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон пардохти нақдии хизматрасониҳои давлатиро манъ кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз фармон “Дар бораи тадбирҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ”-ро имзо кард.

Тибқи он, шуруъ аз 1-уми август тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд дар шакли ғайринақдӣ пардохт карда шаванд.

«Пардохти андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани рухсатнома ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷарима, фондҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, коммуналӣ, дигар намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин гирифтани маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дар шакли ғайринақдӣ амалӣ карда шавад»,- гуфта мешавад дар фармон.

Дар он инчунин қайд карда мешавад, ки «ба вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва молиявии кредитии кишвар бо пули нақд қабул кардани пули хизмати пулакӣ манъ карда шавад».

Ба Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои молиявии қарзии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки то 1-уми август инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдиро таҳия, рушд, ташкил ва таъмин намуда, нисбати он чораҳо андешанд.

Ба Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳое, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои пулакӣ мерасонанд, бо тартиби муқарраршуда пайвасти бефосила ба интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти мунтазами воситаҳои электронии пардохт таъмин карда шаванд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба иҷрои қарор ба зиммаи Кумитаи телевизион ва радио бо истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд.

Илова бар ин, ба Дастгоҳи иҷроияи президент, вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллӣ ва Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки то 31-уми декабр ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҳо андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *