Роҳи маҳаллаи “Раззоқ” дар Хуҷанд мумфарш мешавад

Субҳи 21-уми июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Солеҳ, Зариф ва Шариф Раҷабовҳои маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷандро расман оғоз бахшид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.

Раиси вилоят таъкид кардааст, ки ин иқдом ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ рӯи кор омадааст.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаҳои мазкур беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 3600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Фармоишгар МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва паймонкори он Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *