Афзоиши гардиши мол миёни Суғду Қирғизистон пас аз боз шудани марз

Баъди бозкушоии марз миёни Тоҷикистон ва  Қирғизистон, гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Қирғизистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори сарраёсати Агентии давлатии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Суғд ва Қирғизистон 4,1 миллион доллар зиёд шудааст.

Дар асоси маълумоти оморӣ, ҳаҷми содирот ба Қирғизистон 1,6 миллион доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,59 миллион доллар бештар мебошад.

Ҳаҷми воридот аз Қирғизистон ба 2,5 миллион доллар расида, нисбат ба панҷ моҳи соли гузашта 2,42 миллион доллар зиёд аст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2024 гардиши мол байни ду ҷониб ҳамагӣ 2 номгӯйро фаро мегирифт, аммо дар панҷ моҳи соли 2025 ин рақам ба 10 номгӯй расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, маҳсулоти содиротие, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба сифр баробар буд, дар панҷ моҳи соли 2025 ба 1489 тонна расид. Аз ҷумла:

  • қувваи барқ — $329,2 ҳазор (соли 2024: $2,9 ҳазор);
  • пиёз — 1206 тонна (2024: 0);
  • карам — 29 тонна;
  • меваи тару тоза — 12,6 тонна;
  • бодиринг — 39,9 тонна;
  • меваи хушк — 46 тонна;
  • симҳои алюминӣ — 118 тонна;
  • бозичаҳо — 22 тонна.

Дар муқоиса бо соли гузашта, воридоти маҳсулоти нав низ афзоиш ёфтааст. Дар панҷмоҳаи имсол ҳаҷми маҳсулоти навъи воридотӣ аз Қирғизистон ба 1870 тонна расидааст..

То соли 2021, аз Қирғизистон ба вилояти Суғд беш аз 70 навъи мол ворид мешуд ва содироти мол аз Суғд зиёда аз 35 номгӯйро ташкил медод. Дар давраи марзбандиҳо, ки қариб чор сол идома дошт, ин рақамҳо ба 3–4 номгӯй коҳиш ёфта буданд.

Бозкушоии марзҳо дар моҳи март имсол заминаи тоза барои рушди тиҷорати дуҷониба фароҳам овард ва ҳаҷми гардиши молу маҳсулот аз сифр ба садҳо тонна расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *