Афзоиши гирифторони COVID-19 дар Чину Ӯзбекистон

Мақомоти Чин дар як рӯз 31 ҳазору 700 мавриди нави гирифториро ба бемории COVID-19 сабт кардаанд. Рӯзи 23-юми ноябр дар Чин як нафар аз коронавирус ҷон бохтааст.

Гуфта мешавад, ки дар Чин аз оғоз 288,5 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, бештар аз 5 ҳазор кас фавтидаанд.

Шумори мубталоёни нав ба коронавирус дар давоми як ҳафтаи ахир дар Ӯзбекистон низ дубора афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, 24-уми ноябр гирифтории 98 нафар ба коронавирус тасдиқ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон то 23-юми ноябри имсол 245 665 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 то кунун дар Ӯзбекистон 1637 нафар аз коронавирус ҷон бохтаанд.

Бояд гуфт, ки аз оғози пайдоиши COVID-19 то имрӯз дар саросари дунё 650 миллион нафар ба он гирифтор шуда, бештар аз 6,5 миллион нафар ҷон додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *