Афзоиши худкушӣ. Роҳи пешгирии он кадом аст?

Худкушӣ падидаи зишту номатлубест, ки он аз замонҳои қадим то ба имрўз дар ҷомеаи инсонӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Ривоят аст, ки дар Рими қадим худкушӣ, бахусус, дар байни духтарон ва ҷавонзанон, новобаста аз чораҳои пешгирӣ, хеле афзуд. Шаҳрдор фармон дод, минбаъд ҷасади урёни онҳое, ки худкушӣ кардаанд, дар маркази шахр ба намоиш гузоранд. Воқеан, баъди ба намоиш гузоштани ҷасади чанд ҷавонзан, худкушӣ дар кишвар тамоман коҳиш ёфт.

Ислом худкуширо маҳкум месозад

Дини Ислом худкушӣ ва умуман, қатли бегуноҳонро қатъан маҳкум менамояд. Он аз ноогоҳӣ ва надонистани муқаддасоти дини Ислом, Қуръони азимушшаън ва ҳадисҳои Паёмбар (с) сурат мегирад.

Шахси худкушикарда ба ғазаби Худо ва азоби рўзи қиёмат гирифтор мешавад. Чунончи, Равоҳ ал-Бухорӣ  ва Муслим дар ҳадисе аз Паёмбар(с) меоранд: “Шахсе, ки худро аз баландӣ чун кўҳ афканд ва  ҳалок сохт, ба оташи абадӣ афканда хоҳад шуд. Касе заҳр нўшиду худро кушт ва боқимондаи заҳр дар даст бошад, ба оташи ҷаҳаннам абадӣ афканда хоҳад шуд. Ва касе, ки худро бо оҳане кушту он оҳани ба бадан халонда дар дасташ бошад, ба оташи ҷаҳаннам абадӣ хоҳад шуд”. Ҳамчунин, онҳое, ки худро месӯзонанд ё меовезанд, ба ғазаби Худо ва оташи ҷаҳаннам гирифтор мешаванд. Аз чумла, дар ояти 29-и сураи Нисои Куръони карим омадааст, ки худатонро накушед, ҳар гуноҳе, ки мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, шомили худкушӣ низ мешавад. Аз ин бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар карда шудааст. Дар ояти 195-уми сураи Бақара бошад таъкид шудааст: «Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат наяндозед» 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 5 ва 18-и худ ҳаёти инсонро чун дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир шуморида, муқаррар намудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт,  дар моддаи 3 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳкими бевоситаи худро пайдо намудааст.

Ҳамзамон, қонунгузории ҷиноятӣ ҳаёти инсонро чун яке аз объектҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷиноятӣ шуморида, дар 63 моддаи Кодекси ҷиноятӣ барои шахси дигарро қасдан ё аз беэҳтиётӣ аз ҳаёт маҳрум намудан ҷазоҳои гуногун ва то ба ҳадди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст.

Омилҳои ба худкушӣ даст задан кадоманд?

Маҳмадсабур Бобоев, прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, зимни суҳбат иброз дошт, ки санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он нишон дод, ки дар аксарияти ҳолатҳо сабабу шароити мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набудани ҳамдигарфахмӣ дар байни аҳли оила, рашк, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ ва ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рўҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати депрессивӣ, бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, бо сабаби майзадагӣ, шарму ҳаё, инчунин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.

Қайд бояд кард, ки ҳаёти инсон арзиши ҷуброннопазир буда, неъматест, ки ҳамаи дигар неъматҳои моддиву маънавӣ аз он сарчашма мегиранд.

Дар соли 2020 ва 6 моҳи соли 2021 оид ба ҳодисаҳои ба худкушӣ расондан ҷамъ 66 (42 ва 24) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шуда, гунаҳгорон маҳкум карда шуданд.   

Сохторҳои мутаалиқа қарори ҳукуматро иҷро мекунанд?

Бояд тазаккур дод, ки яке аз санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» мебошад, ки новобаста аз сипарӣ шудани қариб 15 сол аз қабули он муқаррарот ва талаботи он муҳим ва рӯзмарра боқӣ мондаанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» раёсату шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда баҳри пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задани шаҳрвандон тадбирҳо андешанд.

Бо мақсади тақвият бахшидани Қарори мазкур дар мувофиқа бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаҳои телевизион ва радио, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон “Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” таҳия ва он бо имзои Прокурори генералӣ аз 19.07.2019 сол тасдиқ шуда, барои маълумот ва иҷро ба мақомотҳои номбаршуда, прокуророни поёнӣ фиристода шуда, зери назорат қарор дода шудааст.

Новобаста аз чораҳои андешида дар давраи 6 моҳи соли равон ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва сиқасд ба он задани шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда, зиёдшавии ҳодисаҳои мазкур дар вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои тобеъ ба назар мерасад. Шаҳрвандон бештар бо роҳи худовезӣ, заҳролудшавӣ ва расондани зарари ҷисмонӣ даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он мезананд. Инчунин, ҳолатҳои худсӯзӣ ва худро ғарқ намудан низ ба чашм мерасад. 

Таассуф 

 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар нишасти матбуотӣ иброз доштааст, ки касе дар бораи дузанагӣ ба кумита арз накардааст. Чӣ беғамӣ ва бедардие. Гӯё ҷавонон ва оилаҳои Тоҷикистон дигар мушкиле надошта бошанд. Шояд баъзе занҳо аз рашки зани дуввум даст ба худкушӣ зада бошанд?  

Санҷиши ҳодисаҳои ба худкушӣ ва сўиқасди он даст задани  шаҳрвандон асосан дар доираи хешу табор, яъне онҳое, ки эҳтимол шахси худкушӣ кардаро ба ин кор расонидаанд, маҳдуд шуда, барои муайян намудани сабабҳои худкушӣ ё сўиқасди он дар доираи васеътар ҳаракатҳои дахлдори санҷишӣ гузаронида намешаванд.

 Инсон аз тамоми мавҷудоти зинда бо ақлу хираду  идрок фарқ мекунад. Мутаассифона, баъзеҳо бар он ақидаанд, ки тақдир ҳамин будааст ва чунин ҳодисаҳоро ба он ҳавола менамоянд. На! Офаридгор моро офарид ва ду роҳро ба ихтиёри мо гузошт: роҳи раҳмонӣ ва роҳи шайтонӣ. Зиндагӣ ин як имтиҳонест. Пас ҳар як инсон, ки қобили тафаккур аст, ало рағми ҳама гуна душвориҳо бояд зиндагӣ кунад, ташаккул ёбад, аз роҳи шайтонӣ парҳез намояд ва поку сафед, беолоиш ба сӯи Парвардигори хеш бозгардад.

Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *