Афзоиши исрофкории барқ дар Хатлон
Дар ним сол дар Хатлон наздики 3 ҳазор ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқ ошкор шудааст. Прокуратураи вилоят хабар медиҳад, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин вилоят 67 санҷиш гузаронида, 2 ҳазору 836 ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқро ошкор кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, 77,5 миллион сомонӣ зарари расида (барои муқоиса: дар 6 моҳи соли гузашта – 29,6 миллион сомонӣ) барқарор шудааст. Аммо гуфта намешавад, ки ҳаҷми умумии хисорот чӣ қадар будааст.
Манбаъ гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳолатҳо 73 парвандаи ҷиноятӣ (барои муқоиса: дар 6 моҳи соли 2024-ум 13 парванда) боз кардааст.
Парвандаҳои ҷиноятӣ бар асоси моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидаанд:
▪️ моддаи 245 – азхудкунӣ ё исрофкорӣ;
▪️ моддаи 299 – тағйир додани иттилооти компютерӣ;
▪️ моддаи 340 – сохтакории ҳуҷҷатҳо;
▪️ моддаи 163 – вайрон кардани тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ