Афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 2% ташкил дод
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2025 афзоиши табиии аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд шуда, ба 18,8 нафар ба ҳар 1000 сокин расидааст.
Роҳбари Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода иттилоъ дод, ки нишондиҳандаи таваллуд ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 22,1 нафарро ташкил дода, нишондоди фавт бошад, ба 3,3 нафар рост меояд.
Ҳамзамон, суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар чунин ба қайд гирифта шудааст:
- вилояти Хатлон – 2,6%,
- вилояти Суғд – 1,5%,
- НТМ (Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) – 2,8%,
- шаҳри Душанбе – 1,1%.
Дар маҷмӯъ, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ аз 10,5 миллион нафар гузаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ