Афғонистон, марги 7 нафар дар паи таркиш
Дар паи таркише дар шаҳри Кобул 7 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 нафар захмӣ шудааст.
Дар ин бора хабаргузории “AP” хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар пайи ҳамла ба як тарабхонаи чинӣ дар минтақаи Шаҳринави шаҳри Кобули Афғонистон 7 нафар, аз ҷумла, 1 шаҳрванди Чин кушта ва беш аз 10 нафар дигар маҷруҳ шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, масъулияти ин ҳамларо шохаи Хуросонии гурӯҳи “ДОИШ” бар ӯҳда гирифтааст.
Намояндагони “Толибон” гуфтаанд, ин ҳодиса баъди нисфирӯзии 19-уми январ рух дод, аммо то кунун чӣ гуна сурат гирифтани он маълум нест.
Ба иттилои шабаки “CCTV”-и Чин дар ин ҳодиса 2 шаҳрванди ин кишвар сахт захмӣ шудааст, аммо дар бораи ба ҳалокат расидани шаҳрвандонаш хабар надодааст.
Сухангӯи ВКД-и ҳукумати “Толибон” Абдулматин Қонеъ сабаби таркишро “куштори одамон”- гуфтааст, аммо шарҳи бештар надодаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ