Агар…Гуфтугӯйи Толибхон Шаҳидӣ бо падар
Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №7 (1672) аз 18 феврали соли 2026 порча аз роман – зиндагиномаи «Агар…» ба табъ расид, ки ба қалами Шариф Ҳамдампур тааллуқ дорад. Ин асар ба 80-солагии бастакори машҳур Толибхон Шаҳидӣ бахшида шудааст. Мо бори аввал порчаҳо аз онро ба хонандагони гиромӣ пешкаш менамоем.
Садои ором кушода шудани дарвоза посбонро бедор кард.
Ӯ сар бардошт ва аз тирезаи хурд ба берун нигарист.
Марди солдидаи лоғарандому сафедчеҳра оҳиста ворид шуд ва солор-солор ба тарфи чапи оромгоҳ роҳ пеш гирифт.
Одамоне, ки субҳ ба зиёрати мазори наздиконашон меомаданд, зиёд набуданд. Аммо ин мард ношинос буд, посбон ӯро бори аввал медид. Мӯйҳои сафедаш ранги гарди орди дар хамбаи осиёб мондаро доштанд. Қоматаш каме хамида, чеҳрааш хаста менамуд. Ором, ботамкин, бидуни шитоб қадам мегузошт, роҳравиаш гӯё зери савти «Муноҷот» сурат мегирифт.
Ӯ назди мазори Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ истод. Лаҳзае аз ҳаракат бозмонд. Пас даричаи панҷараро боз карда, ба дохил даромад. Аз кисааш рӯймолчае баровард ва бо эҳтиёт санги мазорро пок кард. Баъд дар гӯшае қарор гирифт. Маълум набуд, ки дуо мехонад ё бо худ ҳарф мезанад.
Посбон дида аз тамошои ин манзара барканд ва офтобаи таҳораткуниро гирифта, ба берун баромад.
САМАРҚАНД – ШАҲРИ ХОТИРОТ
Салом падар,
Ман омадам, писаратон Толибхон. Шояд дер омадам?…
Талош доштам, ки ҳарчи зудтар биёям, вале зиндагӣ мисли мавҷи дарё маро аз соҳиле ба соҳиле мебурд. Консертҳо, мулоқотҳо, сафарҳо – ҳама гӯё ҳалқаҳое буданд, ки маро ба доми худ мекашиданд. Ҳар саҳна мисли гирдобе буд, ки раҳо шудан намегузошт.
Ман медонистам, ки дер ё зуд меоям ва лаҳзае дар назди мазори шумо нафас рост мекунам. Аммо ҳар дафъа, ки ба роҳ мебаромадам, даъвате, вохӯрие, консерте, суруде… маро бозмедошт. Мусиқӣ, ки пули рӯҳ аст, гоҳе миёни ману шумо девор мешуд.
Имрӯз, ҳамаро паси сар гузоштам ва назди шумо омадам. Омадам, то лаҳзае… бо шумо бошам, падарҷон…
Падарҷон, хаста шудам… на аз зиндагӣ, аз садоҳои беовоз, ҳарфҳое, ки бори маънӣ намекашанд. Аз кафкӯбиҳое, ки мисли борони сел меборанд, толорҳоро ба ларза меоранд ва дар хомӯшии баъдӣ беасар нопадид мешаванд. Аз мадҳияҳо, аз суханони тумтароқ, ки зебо садо медиҳанд, вале аз дили беимон берун меоянд. Ман медонам, ки ин ҳарфҳо чаро гуфта мешаванд: баъзе аз рӯи лутф, баъзе аз рӯи ниёз, баъзе барои ҳадафе, ки ба дил ҳеҷ иртибот надорад.
Аммо ман, ҳамон тавре ки шумо мехостед, даст ба кору дил ба ёр ҳастам. Ман ҳанӯз ҳамон писари хомӯши он рӯзҳоям, ки ба дасти шумо нигоҳ мекунам, ки чӣ гуна рубобро ба оромӣ менавохтед ва ҳар зарби тори он бароям панд мешуд.
Шумо гуфтед: «Ҳарф кам, кор зиёд». Ва ман то имрӯз он ду калимаро аз авроқи зиндагӣ пок накардаам. Онҳо нахустнавои симфонияи умри ман шуданд. Ҳар сафар, ҳар шаби бедорхобӣ, ҳар оҳанге, ки навиштам, идомаи ҳамон насиҳати шумост.
Имрӯз, дар назди шумо, мехоҳам бигӯям: ман кӯшидам, падар. На ҳама чиз мукаммал шуд, вале ҳама аз дил буд. Ҳар оҳангро бо ёди шумо навиштам, ҳар холигии фазоро бо нафаси шумо пур кардам. Ва агар зиндагӣ садо бошад, ман садои худро аз пандҳои шумо дарёфтам.
Ман омадам, бигӯям, ки заҳмат ихтиёр кардам, падар. Ҳама корҳоям шояд комил набуданд, вале аз дил буданд. Ҳар гоҳ, ки дар саҳна садои пианино зери ангуштонам чун оби рӯди Варзоб ҷорӣ мешуд, эҳсос мекардам, ки дар қатори оркестр рӯҳи шумо ҳам менавозад – ҳамон тавре ки дар кӯдакӣ, вақте аз пушти парда ба рубоби шумо гӯш медодам.
Ҳоло, ман ба шумо ҳисобот медиҳам, падар, ҳисоботи як писари ҳамеша қарздор. Умр кӯтоҳ будааст, падар… кӯтоҳтар аз нафаси як наво. Вақт мисли соати саҳна бетаваққуф, беинтизор пеш медавад. Ман ҳис мекунам, ки ҳар рӯзи нав такрори як зарби охирин аст, зарбе, ки садояш дар фазо мемонад, вале иҷрокунандааш хомӯш мешавад.
Ҳоло ки назди шумо омадам, мехоҳам ҳамаи ин солҳоро ҷамъ кунам, на бо сухан, бо садо. Бо он садое, ки аз дили хаста мебарояд, на аз зери ангуштон. Вақт мисли метроном меравад, тика-тика, гӯё маросими гузашти замонро иҷро мекунад, вале ҳар зарбаи он маро ба сӯи шумо меорад – наздиктару наздиктар…
Баъзан эҳсос мекунам, ки ин зарбҳо на танҳо вақт, балки набзи зиндагиро низ чен мекунанд. Ҳар зарб як ёд, як лаҳза, як нафас аз рӯзҳое, ки бо орзу ва меҳр пур буд. Ман бо ин зарбҳо зиндагӣ мекунам, мисли навозандае, ки медонад – ҳар оҳанг рӯзе хомӯш мешавад.
Аммо ман аз ин хомӯшӣ намеҳаросам, падар. Зеро медонам, ки пас аз ҳар хомӯшӣ садои дигар меояд. Ва шояд он садо садои вохӯрии ман бо шумост.
Шумо мегуфтед: «Ҳар кас бояд сози худро ёбад». Ман солҳо ҷустуҷӯ кардам, садоҳои гуногунро санҷидам – садои кӯдакон, садои борон, садои рӯдҳои шӯху пурошуби Варзоб, Ромит, Вахшу Зарафшон, садои аллаи модарон, садои нафаси одамоне, ки ҳунарро нафаҳмиданд, вале дӯст доштанд. Ва ҳоло, дар ин ҷо, дар замини сарди мазори шумо нишастаам, медонам – ҳамаи он садоҳо танҳо роҳ буданд, на мақсад. Мақсад рӯ ба рӯи шумо нишастан ва гуфтан:
«Падар, ҳанӯз дар роҳам, мусофирам».
Бод шохаҳои маҷнунбедро ба оҳанг медарорад. Ман онро мешунавам, гӯё торҳои рубоб аст, ки шумо менавозед. Ҳар нафаси бод, ҳар ларзиши барг мисли ангуштҳои шумо рӯи тор медаванд. Дилам меларзад, садо аз вуҷудам берун мезанад. Садои ёдҳо.
Дар дилам оҳанге бедор мешавад, оҳанге, ки гӯё тамоми умри маро ба ҳам овардааст: кӯдакии пур аз ҳайрат, ҷавонии пур аз шӯр, солҳое, ки дар саҳна дилам месӯхту лабонам табассум доштанд. Ҳамаи он солҳо садоҳои парокандае буданд, ки акнун, дар мазори ороми шумо ба як мусиқии воҳид табдил ёфтаанд…

Падар,
ёд доред насиҳатҳоятонро дар бораи пайванди наслҳо? Дар бораи он ки инсон бояд аз решаи аҷдодӣ канда нашавад? Шумо ҳамеша мегуфтед, ки ҳар инсон мисли дарахт аст: танааш метавонад бузург шавад, шохаҳояш ба ҳар самт хам оваранд, навдаҳояш ҳар сӯ алвонҷ хӯранд, аз ҳам дур бошанд, вале муҳим он аст, ки бо реша пайванд бошад, агар аз реша ҷудо шавад, хушк мегардад. Сипас, бо чашми умед ҷонибам нигариста, таъкид мекардед:
– Писарам, кулбаи аҷдодиро фаромӯш накун. Агар роҳ туро дур барад ҳам.
Ман дар оромгоҳ ба санги мазори шумо такя дорам. Шамоли сабук баргҳои чанорро алвонҷ медиҳад, гӯё бо овози паст ба ин дарахти баландқомат сирре мегӯяд. Ҳама чиз ором аст. Шумо хомӯшед.
Вале аҷиб он аст, ки маҳз дар ҳамин хомӯшӣ садои шуморо мешунавам.
– Падар,– мегӯям ниҳоят,– ман дар Самарқанд будам… дар шаҳре, ки ҳамеша бо ёди он будед.
Гӯё суханам ба гӯшатон расид. Хомӯшӣ нашикаст, амиқтар гашт. Ман ҳис кардам, ки ҷавоб ҳаст, ҳатто агар ҳарфе гуфта нашавад.
Ба ёд овардам, ки пеш аз бозгашт, шаҳр чӣ гуна пеши назарам зинда мешуд: на танҳо бо кӯчаҳо ва деворҳои кӯҳнааш, балки бо садоҳояш – садои қадамҳо дар роҳравҳои сангфарш, садои об дар ҳавзҳое, ки бӯи ниёгон мекунад, садои гуфтугӯҳое, ки аз умқи асрҳо ба имрӯз расидаанд. Бо бӯйи нону хоку дарахтони умрхӯрда. Ва бо нафаси ором, вазнин, пур аз хотира, нафасе, ки чун оҳи сард аз дили пурдард берун меояд.
Ман фаҳмидам, падар: баъзе шаҳрҳо мисли одамонанд. Онҳо сухан намегӯянд, аммо агар гӯш диҳӣ, ҳама ҳарфҳои ҳанӯз ногуфтаро ба забон меоранд. Самарқанд ҳамон гуна буд, ки шумо тасвир мекардед. Ва шояд ман танҳо имрӯз, дар ин ҷо, дар канори шумо маънии суханҳоятонро пурра дарк кардам.
Самарқанд мисли китоби кӯҳан аст, падар. Ҳар сангаш катибае дорад. Ман аз Регистон гузаштам, аз ҳамон чорроҳае, ки аз чор гӯшаи ҷаҳон тоҷирон рафтуомад мекарданд. Дар он ҷо нақши пойи бобои Муқаддасхон, шумо ва бузургони ин шаҳри бостониро дидам. Гӯё қадаммонии шуморо мешунидам. Кӯчаҳои танг, деворҳои хиштин, дарҳои чӯбин – ҳама мисли пирони хирад ба ман менигаристанд. Онҳо ҳарф намезаданд, вале медонистанд, ки ман бегона нестам.
Ба маҳаллае расидам, ки бӯйи мева фазоро пур карда буд: ангур, шафтолу, олуболу, гӯё ҳанӯз ҳам одамон сабадҳо дар даст аз ин кӯча ба бозор мешитофтанд. Ба ёдам омад, ки шумо мегуфтед: «Мардум субҳ аз кӯчаи мо бо сабадҳои пурмева бозор мерафтанд, бегоҳ бо суруд бармегаштанд». Ман ҳамон сурудро шунидам, падар. На бо гӯш, бо дил.
Чойхонаро ҳам дидам. Албатта, он дигар ҳамон чойхонае набуд, ки шумо хастагию ташнагиатонро бо чойи сабз мешикастед. Вале сояашон боқӣ мондааст. Гӯё ҳанӯз ҳам катҳои болои об, кӯрпачаҳои рангоранг, самоварҳои мисин ҳастанд. Ман нишастам, чашмонамро пӯшидам ва ногаҳон садои дутор, суруди ҳофиз, нафаси мусиқӣ… ҳамааш зинда шуд.

Падар, ман фаҳмидам, ки Самарқанд танҳо шаҳр нест. Он хотира аст, садост, сукутест, ки дар он суруд зиндагӣ мекунад.
Ман Самарқандро аз нав дидам, падар. На он шаҳре, ки дар китобҳост ё дар аксҳо, балки ҳамон Самарқанде, ки шумо солҳои пеш дар суҳбатҳоятон тасвир мекардед. Он гоҳ ман гӯш мекардам, ҳоло мебинам.
Аз Регистон гузаштам. Субҳи барвақт буд. Ҳанӯз сайёҳон дар хиёбон нарехта буданд. Майдон ором буд, мисли саҳнае пеш аз оғози консерт. Ман истодам. Ба худ гуфтам: «Шояд падарам низ замоне ҳамин тавр истода буданд, ҷавон, бо нигоҳе пур аз савол». Дар он лаҳза фаҳмидам, ки баъзе ҷойҳо танҳо бо қадам не, бо эҳтиром бояд тай шаванд.
Кӯчаҳо маро ба худ ҷалб карданд: танг, деворҳои қадима, дарвозаҳои кандакории фарсуда. Ин ҳама касро водор месозад, ки оҳиста қадам гузорад, лаҳзае ёд аз ниёгон кунад. Ҳар дарвоза мисли хотира буд: баста, вале пурасрор; хомӯш, вале пур аз гуфтор.
Падар, фаҳмидам, ки Самарқанд шаҳр нест. Инсон аст. Пир аст, вале хотирааш қавист. Хомӯш аст, вале дар дил дардҳои зиёди гуфтанӣ дорад. Вақте аз кӯчаҳо мегузаштам, эҳсос мекардам, ки маро мешиносанд. Шумо маро ба ин шаҳр шинос карда будед.
Шом фаро расид. Ман аз баландии «Шоҳи зинда» ба шаҳр нигаристам. Самарқанд мисли чароғе медурахшид, равшан ва пурнур. Нуре, ки гӯё аз қаъри замин берун мезад.
Ман дар Самарқанд, дар он кӯчаи танг, ки шумо борҳо дар китобҳоятон тасвир кардаед, ин маъниро аз ҳар вақти дигар равшантар эҳсос намудам. Кӯча чунон танг буд, ки гӯё ду замон дар он ба ҳам наздик меомаданд: дирӯзу имрӯз. Ман оҳиста қадам мезадам, то хомӯшии онро нашиканам. Ҳар санги кӯча, ҳар дари чӯбин гӯё бо ман суҳбат мекарданд. Онҳо овоз надоштанд, аммо хотира доштанд. Гӯё мегуфтанд: «Мо ин ҷо будем, вақте ки бобои Муқаддасхонат савори асп пеш-пеши корвон барои тиҷорат ҷониби Русу Чину Ҳинд адрасу шоҳӣ мебурд. Мо ин ҷо будем, вақте ки падарат дар ҳамин ҳавлӣ ба дунё омад, вақте ки хандаи беғашаш хонаҳоро пур мекард. Мо шоҳиди омадану рафтани наслҳоем, шоҳиди онем, ки одамон мераванд, аммо роҳ боқӣ мемонад».
Ман истодам, даст ба девори хунук гузоштам ва ногаҳон ҳис кардам, ки ин девор танҳо аз хишт нест, аз хотира аст. Хиштҳое, ки бо дастони гузаштагонамон чида шудаанд, бо нафаси онҳо гарм гаштаанд ва хомӯшиашонро асрҳо нигоҳ доштаанд.
Дар ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки реша танҳо ному насаб нест. Реша дар сангҳо, хиштҳо, дару деворҳост, ки шикасту рехт шудаанд, вале хотираҳоро раҳо накардаанд. Реша дар роҳҳоест, ки қадамҳои бешумор аз онҳо гузаштаанд; дар деворҳоест, ки шоҳиди ҳодисаҳо ва гуфторҳоест, ки дидаю шунидаанду вале хомӯш мондаанд.
Ман фаҳмидам, ки инсон танҳо ба гузашта тааллуқ надорад, ӯ дар назди гузашта масъул аст. Гузашта чун соя аз паси мо намеояд, он пешорӯи мо қарор дорад ва ҳар замон мепурсад:
– Чӣ ҳикмате аз рӯзгори ман бардоштӣ, ки ғалатҳоямро такрор накунӣ?
Дарҳо бо ҳалқаҳои оҳанини худ шоҳидони хомӯши таъриханд. Онҳо танҳо барои кушода шудан сохта нашудаанд, барои шунидан, огаҳӣ пайдо кардананд. Ҳалқаҳо, вақте ба ҳам бармехӯранд, на танҳо омадани меҳмонро хабар медиҳанд, балки ҳамчунин оҳанги замонро менавозанд: оҳанге сода, вале пур аз маъно.
Ҳар зарби ҳалқа ба дар маъние дошт. Ҳар тақ-тақ ишора буд, даъват буд, ё огоҳӣ. Бо ҳар тақ-тақ қиссае оғоз меёфт: тоҷире аз бозор бармегашт, хаставу пурбор, бо умеде, ки рӯзаш бенасиб нагузаштааст; ҳофизе ба маҳфиле меомад, оҳангашро ҳанӯз дар роҳ замзама мекард, то ки фаромӯш нашавад; кӯдаке ба дунё чашм мекушод ва аввалин гиряаш дар ҳамин ҳавлӣ бо дуо омехта мешуд.
Ҳамсояе ду ҳалқаро бо шитоб ба ҳам мезад, на барои меҳмонӣ, балки барои ҳушдор: хатар наздик аст, бедор бошед. Ва дарҳо инро мефаҳмиданд. Онҳо фарқ мекарданд миёни овози шодӣ ва изтироб, миёни пайғоми бахт ва хатар.
Ин дарҳо хотираҳоро нигоҳ медоштанд. Онҳо хандаҳоро шунидаанд, сукутҳоро ҳам. Ашкҳоро дидаанд, дуоҳоро ҳам. Ва ман мефаҳмам: то даме ки ҳалқае ба ҳалқае мезанад, таърих дар нафаси хонадон, дар садои бархӯрди одии оҳан бар чӯб зинда аст.
Ман дастамро аз девор накандам. Гӯё агар канда шавам, риштаи нонамоёне низ канда мешуда бошад.
Шумо мегуфтед, ки решаи мо на танҳо дар хоку дар, балки дар хотираҳост. Дар сурудҳое, ки Ҳофиз мехонданд, дар он бозоре, ки баззозон матоъ мебофанду мефурӯхтанд, дар он хандаву шӯхие, ки мардум бо худ аз бозор меоварданд.
Ман ин ҳамаро дидам, падар. Ва фаҳмидам, ки насиҳатҳои шумо холӣ аз ҳикмат набуданд. Онҳо як пули зинда буданд, ки дирӯзро бо имрӯз мепайвастанд. Шумо мегуфтед: «Кулбаи аҷдодӣ фақат як бино нест. Он хотираи аҷдодиро зинда нигоҳ медорад».
Имрӯз, вақте ман дар сари оромгоҳи шумо истодаам, ҳис мекунам, ки ин насиҳатҳо мисли чароғе дар дил равшанӣ меандозанд. Ман мефаҳмам, новобаста аз он ки мо ба куҷо мерасем, бояд бидонем, ки аз куҷо омадаем.
Ман ба хоки мазори шумо менигарам ва мехоҳам бигӯям:
– Падар, ташаккур. Ташаккур барои он ки ба ман фаҳмондед, ки реша чӣ қадар муҳим аст. Ман фаромӯш намекунам. Ва наберагонатон ҳам фаромӯш нахоҳанд кард.
Падар,
ман аз Самарқанд рост ба хокбӯси шумо омадам. Ин ҷо, назди санге, ки дар он номи шумо ҳаккокӣ шудааст, вақт дигар хел мегузарад. Ҳар лаҳза мисли саҳифаи кӯҳнаи дафтар кушода мешавад.
Ман сари манзили шумо ба зону нишастаам, падар. Зонуҳоям сардии заминро эҳсос мекунанд. Дастонам ҳамчунин. Гӯё дар ин хомӯшӣ шуморо беҳтар мешунавам. Баргҳои чинор ҳанӯз бо ҳам пичиррос мезананд, мисли ду пирамарде, ки ором суҳбат доранд.
– Падар, ман омадам.
Аз Самарқанд. Аз зодгоҳатон. Аз ҳамон хоке, ки номи шуморо аввалин бор шунида, қадамҳои шуморо эҳсос кардааст.
Он ҷо бо набераҳоятон Ҳофизу Табрез, Фирдавс ва модарашон Гулсифат будам…
Онҳо шаҳрро на танҳо бо чашм, бо дил тамошо мекарданд. Дар ҳар кӯча, дар ҳар девори кӯҳна гӯё порае аз шуморо меҷустанд.
Ва рӯзе бо ифтихор гуфтанд:
– Падар, хонаи бобои Муқаддасхонро ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид карданд.
Лол мондам. На аз он ки ҳарфе барои гуфтан надоштам, балки он лаҳза сухан гуфтан зиёдатӣ буд. Фаҳмидам, ки он танҳо як қарор нест, танҳо як ном дар рӯйхат нест. Он эътирофи роҳи тӯлонист, роҳи хонае, ки на аз хишт, балки аз тақдир бино шудааст. Хонае, ки дар он садои мусиқиву овози мутрибон танин меандохт, дуо мехонданд, сухан вазн дошт. Хонае, ки аз як насл ба насли дигар сарпаноҳ буд.
Падар, ман он ҷо ҳис кардам, ки хонаҳо низ сарнавишт доранд. Баъзеашон фурӯ мерезанд, баъзеашон устувор мемонанд. Хонаи бобоямон чунин хона будааст: нигоҳбони хотира, шоҳиди зиндагӣ, пуле миёни гузашта ва имрӯз.
Ин сафари ман, падар, бозгашт буд. Бозгашт ба хотираҳо, ба суханҳои шумо, ки кам, вале пурмаъно буданд. Ба сукути шумо, ки беш аз ҳар панд буд.
Ман дар Самарқанд фаҳмидам, ки инсон метавонад дур равад, ҷаҳонро бинад, овозаш, оҳангаш аз толорҳои бузурги дунё садо диҳанд, аммо агар аз реша канда шавад, хонаи бетаҳкурсиро мемонад…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ