Ай тоҷикӣ намонед! Дар Ҳонконг ва Сингапур бо кадом забон ҳарф мезананд?

Соли 2009 бо як пизишки тоҷик дар Ҳонконг будем. Англисиро, ки балад набуд, бо мардуми бумӣ русӣ ҳарф мезад. Мушоҳида мекардаму хандаам мегирифт.

Боре ғазабаш омад, ки гуфт:

— Чи механдӣ?! Ҳар боре бо касе гап занам, ту механдӣ…

Узр хостаму гуфтам:

— Аз он хандаам меояд, ки чаро ту худатро азоб дода бо русӣ гап мезанӣ? Инҳо ку русиро намедонанд. Намешавад, ки тоҷикӣ ҳарф занӣ — шояд инҷо эрониҳо ё тоҷикони Афғонистон бошанду туро фаҳманд. Чор рӯз аст, ки русӣ гап мезанӣ, то ҳол ягон кас туро нафаҳмид!

Ӯ:

— Рост мегӯй! Кошкӣ як уруса медидм!

…?

Аз қазо, рӯзи дигар дар долони меҳмонхона забони форсӣ шунидем, ки эрониҳои аз Дубай омада будаанд.

Як рӯзи дигар дар бозор назди хонуми чининамуд, ки мағзу мавиз мефурӯхт, бо тоҷикӣ суҳбат доштем, ки он хонум бо тоҷикӣ аз мо даъват кард, ки чизе харем.

Фаҳмидем, ки аз тоҷикони бумии Урумчӣ будааст.

Он пизишки ҳамватанамон баъди ба Маскав баргаштанамон дар чанд маърака гуфт: «Ай тоҷикӣ намонед! Дар Ҳонконг ба мо тоҷикӣ кор омад, русӣ ба дард нахӯрд!».

Ба ин монанд воқеа соли 2014 дар Сингапур рух дод. Ҳамсафарам зӯр зада бо русии шикаста гап мезад.

Вале, рӯзи дуввум дар яке аз марказҳои савдо ба гилемфурӯше бо форсӣ муроҷиат кардам. Аз тоҷикони Афғонистон будааст.

Ин тоҷики «урусидон» ҳам фикрашро нисбати нуфузи забони тоҷикии форсӣ тағйир дод.

Д. АБДУЛЛО, пизишк

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.