Айби мо, ки бузургон фаромӯш мешаванд…

Сафарбеки Солеҳ ҳам рафт. Режиссёри баном, бананг, боор, баномус, ватандӯст… оне, ки талош мекард, миллати тоҷикро ба худаш ва ба ҷаҳониён шиносонад. Ин ҷавонмарди 62-сола низ қурбони вабои КОВИД-19 шуд…

ОҒОЗ

Бо Сафарбеки Солеҳ чандин сол аст, ки ошно ҳастам. Як маҳфили шеърашро гардонандагӣ карда, дар нахустнамоиши чанд филмаш ширкат доштам. Борҳо аз ӯ интервю гирифта, дар мавриди филмҳояш навиштаам, аммо афсӯс, ки суҳбати ихтисосӣ анҷом надодаам, напурсидам, ки асрори маваффақияти ӯ дар чист; напурсидам, ки муҳаббати беохири ӯ ба Ватан аз куҷост; напурсидам, ки чаро ин қадар таърихи ғамзадаи миллатро меҷӯяд; чаро думболи номҳои гумшудаи фарзонфарзандон аст; напурсидам, ки чаро ин қадар ба танҳоӣ ҷон меканад; чаро аз давлат кумак намехоҳад; чаро шиква намекунад; чаро аз паси ҳамкасбонаш тарки Ватан накард… ва аз ҳама муҳим чӣ бояд кард, ки синамои мо филмҳои шоиста биофарад? Охир чӣ медонистам, ки Сафарбеки Солеҳ ин қадар ногаҳон, ин қадар зуд моро тарк мекунад. Охирин маротиба ӯро  8 май, дар нахустнамоиши филмаш “Нисор” дар Хонаи Кино дида будам. Сари як пиёла чой, баъди тамошои филм суҳбати самимие доштем. Ӯ нақшаҳои зиёде дошт, ки ба хок бурд.

ЗИНДАГИНОМАИ САФАРБЕКИ СОЛЕҲ

Сафарбеки Солеҳ соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 1993 Давраи олии Сенариянависон ва коргардонони Маскавро ба итмом расонда, бо дипломи коргардони филмҳои ҳунарӣ ва мустанад фориғуттаҳсил шудааст. Соли 2004 бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Муаллиф ва коргардони 25 филми мустанад ва 4 филми ҳунарист.  Аввалин офаридаи ӯ филми «Жакон» — аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо аст, ки дар соли 1988 таҳия шуда, дар як ҷашнвораи синамо дар Париж соҳиби ҷоиза гардидааст. Маҳз  ҳамин ҷоиза роҳи Сафарбеки Солеҳро барои идомаи кор дар синамо ҳамвор кард. Филмҳои дигари ӯ низ, аз ҷумла филми»Ашаглон», «Kобус», «Дар диёри қаҳрамони халқ», «Ба номи Ҳурмуз», «Ҳадди охир” «Дарё», «Соярушан», «Байни нилуфару вақт», «Гул ба домони диёр», «Ганҷи бодовард», «Чархофалак», «Ҷазираи умед», «Шоҳнома», «Ангуштари арӯсӣ» «Тақвими интизорӣ» (филми ҳунарӣ), «Нусур», «Ҳамсояҳои наққош» (филми ҳунарӣ) дар ҷашнвораҳои зиёди байналмиллалӣ соҳиби ҷоиза гаштаанд. Сафарбеки Солеҳ дар дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе фаъолият мекард.

Аз суҳбатҳои гуногун:

Бе пул синамо рушд намекунад!

-Чаро бештар мустанад месозед?

-Ман аз аввали фаъолиятам мустанад месохтам. Нахустин корам »Жакон» буд, ки соли 1989 дар Порис ҷоизаи «Беҳтарин филм дар бораи инсон»-и ЮНЕСКО-ро сазовор шуд. Филми дигарам »Ба номи Ҳурмуз» буд, ки аввалин бор мавзӯи Наврӯзро матраҳ сохтам. Бори аввал ба хати форсӣ навиштаҳои онро таҳия намудам. Дар Маскав »Совэкспортфильм» онро ба англисӣ тарҷума кард ва 47 кишвари олам хариду намоиш дод. Баъди хатми риштаи синамо дар Маскав рӯ овардам ба филми ҳунарӣ, вале дасттангӣ имкон надод, ки ин корро давом диҳам. Бе маблағи калон синамо рушд намекунад. Барои сабти филми ҳунарӣ маблағи калон зарур аст, ки ман надорам ва давлати мо ҳам имкон надорад, ки онро пардохт кунад. Бинобар ин, бештар мустанад месозам ва он ҳам бо талошу даводави худам. Мустанад ба маротиб камхарҷ аст. Илова бар ин, мустанадро дӯст медорам, зеро воқеият аст. Аз филми ҳунарӣ ҳам дур нестам, чандин сенария навиштам…

-Шумо бештар ба зиндагии шахсиятҳои фаромӯшшуда таваҷҷуҳ доред? Чаро?

-Айби мост, ки ин шахсиятҳоро фаромӯш кардем. Шахсиятҳое, ки ман дар бораашон филм мебардорам, дар сарнавишти миллати мо нақши мондагор гузоштаанд. Барои мисол Комил Ёрматов, аввалин режиссёри тоҷик, ки бо дасисаву туҳмати худи мо ба Ӯзбекистон рафт ва синамои ӯзбекро ба қуллаи баландтарин шинонд.

Аз тоҷикфилм то “Тоҷикфилм”

-Вазъи кунунии тоҷикфилмро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Шумо тоҷикфилм гуфта, студияро дар назар доред ё умуман, филмҳои тоҷикиро?

-Ё ҳар ду…

-Беҳтар аст, ба ин савол аз касоне посух ҷӯед, ки масъулият ба дӯшашон аст. Кори ман алоҳида ва фаротар аз студияи “Тоҷикфилм” аст. Вале аз рӯйи мушоҳидаҳо ҷунбиш эҳсос мешавад. Студия феълан, таъмиру бозсозӣ шудааст. Ҳамасола 5-6 филм ба навор мегиранд…

-Вазъи синамои тоҷик…

-Синамои тоҷик новобаста аз мушкилиҳо бо талоши чанд сарсупурда зинда аст. Дар солҳои 90-ум ҳама кормандони ҳирфаии соҳаи синамо рафтанд, зеро бекор монданд. Синамо барои давлати Тоҷикистон нодаркор шуд. Одамоне, ки ба ҷуз ин касби дигар надоштанд, барои таъмини зиндагии худ маҷбур кишварро тарк намуданд. Ин шикасти синамои мо буд. Чун кори филм фаъолияти дастаҷамъист, агар як мутахассис набуд, кор мелангад. Вале феълан, кадрҳои маҳаллӣ сабзиданд. Аммо ҳаминҳоро ҳам касе дастгирӣ намекунад. Барои мисол Румӣ Шоазимов, хатмкардаи ВГИК, шогирди Михалков. Ба сахтӣ ду филм гирифт, ҳозир аз Ватан меравад. Чаро? Барои он ки имконият намедиҳанд, ки кор кунад…

Филми Сомониён ва режиссёри хориҷӣ

-Гап-гап ҳаст, ки “Тоҷикфилм” бо маблағгузории бевоситаи Ҳукумати кишвар дар мавриди Сомониён силсилафилм ба навор гирифтанист…

-Идеяи хуб, ин корро бояд кайҳо мекардем…

-Оё мо режиссёре дорем, ки чунин филми калонро ба навор гирифта тавонад ё беҳтар аст, аз хориҷ даъват кунем?

-Бахудо хандаам мегирад, вақте мегӯед аз хориҷ даъват кунем. Ин мисли он аст, ки садҳо муаллими тоҷик дар Русия мардикор асту Тоҷикистон ҳамасола аз Русия садҳо муаллим даъват мекунад, ки камбудиро пӯшонад. Режиссёрҳои мо камтар аз хориҷиҳо нестанд. Агар пули аз ҷониби ҳукумат ҷудомешуда самаранок истифода шавад, филми нағз гирифтан имкон дорад. Вале ман медонам, ки то ба филм сарф шудан ин маблағҳо нахуст ба ҷайби чанд нафар меравад…

-Бо вуҷуди он ки филмҳои хуб дорем ва аз ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ ҷоизаҳо мегирем, вале ҳамоно вазъи синамои моро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Чаро?

-Рости гап, аксар вақт ҷоизаҳое, ки мо мегирем танҳо қадрдонии кори мо дар дигар кишварҳост ва хеле шартианд. Ин ҳолатест, ки ба коргардон умеду неру мебахшад. Мо ҳеч вақт ба сатҳи ҷаҳонии синамо нарасидаем. Ман даврони шӯравиро дар назар надорам. Имрӯзро мегӯям. Мо дар даврони истиқлол ягон филми ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва ба сатҳи филмҳои ҷаҳонӣ надорем.

-Чаро?

-Чаро физики ҷаҳонӣ надорем? Чаро табиби ҷаҳонӣ надорем? Чаро математики ҷаҳонӣ надорем? Чаро лоақал шоири ҷаҳонӣ надорем? Синамо ҳам дар радифи ҳаминҳост. Синамо оина аст. Намешавад, ки дигар соҳаҳо рушд накарда бошанду филми ҷаҳонӣ сабт шавад. Зеро мо кишвари қашшоқ ҳастем. Синамои мо мисли соири бахшҳои фарҳанги мо оинаи ҳамин зиндагист, натиҷаи кори ҳамин дастандаркорон аст.

АНҶОМ

Сафарбеки Солеҳ инсони ростқавл буд, тунд мегуфт, вале ҳақро мегуфт. Боре суол кардам, ки чаро филмҳои шуморо дар телевизион нишон намедиҳанд? Ростӣ, ҳақорати обдоре карду гуфт: “Cоли 2005 Фестивали КАН бо филми ман оғоз шуд. Телевизион филмро аз ман гирифт, ки намоиш медиҳад. Додам.  Аммо гирифтанду чандин ҷойҳои муҳими филмро қайчӣ карданд. Барои ҳамин ман дигар бо онҳо ҳамкорӣ накардам. Онҳо ҳам аз ман боре хоҳиш накардаанд, ки филмҳоямро барои намоиш диҳам. Кори ман алоҳида, роҳи ман ҷудост”. Ӯ ҳамеша ба ҳамин шева кор мекард. Аз касе гила надошт.

Рӯҳат шод бод, Сафарбеки Солеҳ!

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *