Академик Нуриддин Қаюмов мавлуд дорад

Имрӯз, 12-уми август олими шинохта, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Қаюмович Қаюмов мавлуд дорад.

Номбурда ба синни 85 расид. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дар риштаи иқтисод буда, дар самтҳои сиёсати давлатии иқтисодии Тоҷикистон дар давраи гузариш, назария ва амалияи самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, рушд ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ, барқароршавӣ ва пешрафти иқтисоди бозоргонӣ, асосҳои илмии ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолияти илмӣ намудааст.

Дар гузашта ӯ муовини директори Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1970-1981), директори Институти иқтисодиёт ва усулҳои иқтисодиву математикии банақшагирӣ бо Маркази ҳисоби Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1981-1993), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ (1994), директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-1997), муовини вазири иқтисод ва робитаҳои берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2001), директори Институти таҳқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2009) будааст. Нуриддин Қаюмов муддате узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ буд.

Нуриддин Қаюмов бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Ветерани меҳнат», Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон ва дигар ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

P. S. Суҳбати ихтисосиро бо академик Нуриддин Қаюмов дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *