Дар Душанбе консерти Манижа баргузор мешавад

Манижа Сангин тасмим дорад, ки бори аввал дар Душанбе консерт диҳад. Қарор аст, ки консерти Манижа рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Ин барномаи ӯ дар доираи як сафари ҳунарияш ба 6 кишвар доир мешавад.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки аз моҳи сентябр ба сафари ҳунарӣ мебарояд ва дар Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳам консерт барпо мекунад. Ин барномаашро Манижа “Сафари бекорнашаванда” номидааст. Манижа дар саҳифааш гуфтааст, ки мусиқиро манъ кардан номумкин аст.

Даромад аз ин консерти ӯ ба бунёди овозхон равона мешавад. Бунёди ӯ «Силсила» ном дорад ва ҳадафаш кумак ба қурбониёни хушунат дар миёни муҳоҷирону паноҳандаҳо аст.

Ин овозхони тоҷиктабори шаҳрванди Русия моҳҳои охир мисли аксар дигар ҳунармандони рус барои мухолифат ба ҷанги Украина дар феҳрасти сарояндаҳои “номатлуб” ҷой гирифта, ташкили консерту ширкаташ дар чанд озмуни мусиқӣ дар ин кишвар манъ шуд. Мақомоти Русия консерти ӯро, ки қарор буд моҳи июл дар Маскав баргузор шавад, манъ карданд. Аммо ин овозхон барои мухлисонаш дар “Ютюб” консерти онлайние бо номи “Мусиқии лағвнашаванда” ташкил кард.

Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин, тоҷикдухтари ҷавону боистеъдод соли гузашта бо суруди “Зани рус” Федератсияи Русияро дар озмуни “Евровидение-2021” дар миёни 41 кишвар муаррифӣ кард ва ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шуд.

Манижа кист?

Манижа Сангин соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчад ва тавре худи Манижа борҳо гуфтааст, барои бузург кардани ӯву дигар фарзандон, модар ба ҳама кор даст задааст: дар бозор майдафурӯшӣ карда, равонпизишкиро омӯхтааст, ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ ҳам барои таъмини рӯзгораш кумак шуд.

Манижа мусиқиву забони англисиро омӯхту бо варзиш машғул шуд. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, чун дар талоши пайдо кардани мавқеи худ дар саҳнаи пуррақобати мусиқии замонавӣ буд. Бо вуҷуди мавҷи фишору таҳқирҳо, Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шуҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфтааст, ки қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд.

Президент: “Ӯ ифтихори мост”

Рӯзи 21-уми майи соли 2021 Президенти кишвар зимни мулоқоташ бо ҷавонони Тоҷикистон дубора аз ҳунарнамоии овозхон Манижа тавсиф кард. Ӯ гуфт: «Манижа ҳарчанд аз номи миллати рус баромад ҳам кунад, ӯ ифтихори мост ва ҳама ӯро аз худ медонанд».

Ҳамчунин, пештар низ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз овозхони тоҷиктабори Русия, ки роҳ ёфтанаш ба “Евровидение-2021” боиси вокунишҳои зидду нақиз гашта буд, тавсиф карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *