Академияи илмҳо: Ба тоҷик будани Ибни Сино шубҳа нест!
Дар нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 6-уми феврал баргузор гардид, масъалаи мансубияти миллии Абӯалӣ ибни Сино мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин вокуниш дар пайи гузориши шабакаи телевизионии CNN ба миён омад, ки дар он шахсиятҳои маъруфи илмӣ, аз ҷумла Ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ ва Абурайҳони Берунӣ ҳамчун донишмандони узбек муаррифӣ шудаанд.
Файласуф ва доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ зимни суханронӣ дар ин нишаст таъкид кард, ки шахсияти Ибни Сино ба марзи як миллат маҳдуд намешавад, аммо аслияти ӯ ба тоҷикон бармегардад.
“Агарчи осори Ибни Сино ба тамоми инсоният мансуб аст, миллати ӯро набояд таҳриф кард. Дар тоҷик будани Ибни Сино ҳатто шубҳае буда наметавонад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад дар ин бора даҳҳо далелҳои қавӣ пешниҳод кунад. Аммо бояд дар назар дошт, ки чунин иқдомҳои таҳрифӣ гоҳе ҷузъи сиёсати тафриқаангез дар минтақа мебошанд”, -изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Зиёӣ, масъалаи тоҷик будани Ибни Сино на танҳо мавзӯи баҳсҳои муосир, балки як масъалаи ҳалшуда дар таърих аст. Ӯ ёдовар шуд, ки соли 1980 президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ва муҳаққиқи тоҷик Мусо Диноршоев аслияти Ибни Синоро ба ҷомеаи илмии Шӯравӣ исбот карда буданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода низ дар ин нишаст мавқеи расмии академияро шарҳ дода, таъкид намуд, ки ҳифзи шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ як масъулияти миллӣ мебошад.
“Мо дар пайи дахолат ба умури сиёсати дигар кишварҳо нестем, аммо кӯшиш мекунем, ки мероси таърихии худро ҳифз намоем. Олимони мо мавқеи худро тавассути нашрияҳои илмӣ ва расонаҳои байналмилалӣ баён мекунанд. Ҳоло мақолаҳо ба забонҳои гуногун, аз ҷумла русӣ ва англисӣ нашр шудаанд ва ҳатто видеороликҳои илмӣ низ омода гардидаанд”, -гуфт ӯ.

Ба иттилои Қобилҷон Хушвахтзода, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Маркази синошиносӣ” фаъолият мекунад, ки таҳқиқоти васеъро оид ба зиндагӣ ва осори Ибни Сино анҷом медиҳад. Баъд аз нашри гузориши CNN, мутахассисони ин марказ тадқиқоти зиёдеро анҷом доданд ва мақолаи таҳлилӣ бо 8 далели муътамад дар бораи тоҷик будани Ибни Сино нашр гардид. Дар ин мақола, ки онро муҳаққиқ Маҳмадсалом Мақсудов таҳия кардааст, аслияти тоҷикӣ ва зодгоҳи Ибни Сино, яъне Бухоро, бо санадҳои таърихӣ исбот мешавад. Ҳамзамон осори муҳаққиқони хориҷӣ, аз ҷумла Босфорд ва Семёнов, ки аслияти тоҷик будани Ибни Синоро тасдиқ кардаанд, бознашр гардиданд.
Илова бар ин, “Маркази синошиносӣ” то кунун ҳашт ҷилди осори Ибни Синоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонида, нӯҳумин ҷилдро дар арафаи нашр қарор додааст. Ҳамчунин, 21 ҷилд аз осори ӯ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Академияи илмҳо дастрас мебошад.
Хуршед Зиёӣ хабар дод, ки рӯзи 11-уми феврал бо ҳузури муҳаққиқон ва коршиносони соҳа дар ин мавзуъ мизи мудаввар баргузор мешавад. Ҳамчунин, бахшида ба 1045-солагии Ибни Сино дар моҳи август ҳамоиши илмӣ ва дар моҳи ноябр симпозиуми байналмилалӣ оид ба саҳми ӯ дар рушди илми ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён низ қаблан ба нашри ин мавод дар CNN вокуниш карда, таъкид намуд, ки дар таҳияи гузориш сарчашмаҳои таърихӣ ба назар гирифта нашудаанд.
“Мутаассифона, дар ин мавод бе такя ба манбаъҳои таърихӣ, мероси миллати мо ба миллати дигар нисбат дода шудааст, ки як амали баҳсбарангез мебошад. Ин иддаоҳо асоси илмӣ надоранд ва посухи Тоҷикистон бояд бо риояи меъёрҳои дипломатӣ, аммо бо қатъият пешниҳод шавад”, -гуфт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ