Акбари ТУРСОН, академики тоҷик

Зиндагинома. Акбари Турсон (Акбар Турсунов) 1-уми октябри соли 1939 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961), ихтисос — «фалсафа».

Фаъолияти корӣ. Солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии Шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963-1967 аспиранти шуъбаи номбурда, 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994). Муҳаққиқи даъватшудаи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван (Филаделфия, ИМА, 1994-1998). Солҳои 1987-1990 дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба ҳайси профессори кафедра кор кардааст. Аз соли 1966 то давраи пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ узви Иттифоқи журналистони ИҶШС буд. Корманди калони илмии Маркази зистшиносии Осиёи Марказии донишгоҳи мазкур (1998-2010). Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (2011-2015). Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.

Фаъолияти илмӣ. Муаллифи зиёда аз 250 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.

Ӯ муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи як қисм асарҳои АИ ИҶШС, аз ҷумла «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Бунёди фалсафаи фанҳои табиатшиносӣ» (1976), «Проблемаҳои фалсафии астрономия» (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (1983) мебошад. Як қатор китобу мақолаҳои вай бо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Маърӯза ва гузоришҳояш дар осори конгрессҳои 4, 5 ва 7-уми байналмилалӣ оид ба мантиқ, методология ва фалсафаи илм (Бухарест (1971), Лондон-Онтарио (1975), Залсбург (1983), Конгресси 13-уми байналхалқӣ оид ба таърихи илм (Москва, 1971), Конгресси 16-уми умумиҷаҳонии файласуфҳо (Дюсселдорф, 1978), Маҷлисҳои 2-юм ва 3-юми умумииттифоқӣ оид ба масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ (Москва, 1970; 1980) дарҷ шудаанд. Бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Китобҳо. “Инсон, атом, кайҳон”, Д., 1967; “Марди некфарҷом”, Д., 1967; “Кайҳон ва ҷараёни дониши инсон”, Д., 1973; “Андешаи рӯзгор”, Д., 1975; “Банди фалак”, Д., 1976; “Горизонты космологического знания: история и современность”, Д., 1969; “От мифа к науке”, Д., 1973; “Философ и современная космология”, Д., 1977 ва ғайра.

Қадршиносӣ. Бо ордени «Дӯстӣ» тақдир шудааст (2011).

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.