Актрисаи машҳур аз президент хоҳиш кардааст, ки ҷилави шавҳарашро кашад

Ҷанҷоли оилавии журналисти турк Реха Мухтор ва ҳамсараш — актрисаи машҳур Дениз Угур то ба гӯши президенти Туркия расидааст.

Дениз Угур яке аз зеботарин ва машҳуртарин актрисаҳои синамои турк ба шумор меравад. Харидорони ин зебосанам аз мӯйи сараш ҳам зиёд буданд, вале Реха Мухтор, ки журналист ва бисёр марди гапдон аст, бо ширинзабонӣ дили ин паричеҳраи шуҳратёрро ба даст оварда, ӯро ба издивоҷ розӣ кунонд.

Бисёриҳо бар он андеша буданд, ки Реха ва Дениз чун ду инсони соҳибмаълумот ва боистеъдод зиндагии аҳлона ба сар бурда, яке аз хушбахттарин оилаҳои Туркия хоҳанд гашт, аммо ин тавр нашуд. Журналист зани ҷавону зебояшро ҳатто ба сояи худаш ҳам рашк бурда, тез-тез Денизро озор медод, таҳқир мекард ва ҳатто ба сараш даст бардошта, бераҳмона латукӯб мекард. Дар пояи ҳамин рашку бадахлоқиҳои шавҳар оилаи онҳо оқибат вайрон шуда, Дениз Угур барои аз шавҳараш ҷудо шудан ариза навишт.

Онҳо ду фарзанд дошта бошанд ҳам, ин журналисти хасис ба модари бачаҳояш ҳатто як хас ҳам додан нахост ва суд қарор баровард, ки кӯдакон бо падарашон мемонанд, аммо баъди муддати мадид духтарчаашро бераҳмона латукӯб кардани Реха Мухтор расонаӣ гашта, ин хабар боиси он шуд, ки суд қарори пештараи худро бекор намуда, духтарчаро ба модараш диҳад.

Акнун Дениз Угур мехоҳад писарашро низ аз шавҳари муштзӯраш кашида гирад, вале Мухтор паст омадан намехоҳад ва писарашро доданӣ нест. Чанд рӯз қабл Реха Мухтор ҳамроҳи писараш ба яке аз тарабхонаҳои машҳури Истамбул омада буд. Ҳамин вақт собиқ ҳамсараш ба ӯ занг мезанад ва байни Мухтору Дениз Угур ҷангу ҷанҷоли телефонӣ сар мешавад. Журналист бо тамоми овоз собиқ ҳамсарашро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, тарабхонаро ба сараш бардоштааст. Мизоҷон аз ин нороҳат шуда, аз кормандони тарабхона хоҳиш мекунанд, ки ин беабадро аз ин ҷо ронанд. Пешхизматҳо ба хубӣ ӯр гусел карданӣ мешаванд, вале журналисти муштзӯр ҳардуи онҳоро зада хуншор месозад. Кормандони полис базӯр пешхизматҳои шаттахӯрдаро аз чанголи ин марди лозим халос кардаанд…

Хулоса, журналист дар тарабхона кинои бепул нишон дода бошад ҳам, аз болои ӯ парванда оғоз накардаанд, вале собиқ ҳамсараш Дениз Угур ин масъаларо ҳамту монданӣ нест. Актриса аз болои Реха Мухтор ба президенти Туркия номаи шикоятӣ навишта, аз сарвари давлат хоҳиш кардааст, ки лаҷоми собиқ шавҳарашро кашида монад ва ба ин марди беадаб, ки кораш фақат озор додану таҳқир кардани занону кӯдакон ва латукӯб кардани мардуми бе пушту паноҳ аст, ҷазои сазовор диҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.