Алишер Усмонов дар додгоҳи Олмон бар зидди Mediahuis Luxembourg пирӯз шуд
Алишер Усмонов, соҳибкори маъруфи ӯзбек дар додгоҳи Олмон бар зидди медиахолдинги Mediahuis Luxembourg S.A. пирӯз гардид.
Тибқи иттилои намояндаи ӯ ба хабаргузории “РИА Новости”, дар асоси қарори суд, расонаҳо дигар ҳақ надоранд Усмоновро соҳиби яхти машҳури “Dilbar” номанд.
Пештар чандин расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла DPA ва шабакаи NDR-и Олмон, дар матолиби худ иддао карда буданд, ки яхти “Dilbar” ба Усмонов ё хоҳари ӯ — Гулбаҳор Исмоилова тааллуқ дорад. Аммо намояндагони соҳибкор ин иддаоҳоро рад карда, таъкид карданд, ки чунин амвол ба трастҳои бебозгашт мансуб аст ва назорату идораашон дар дасти шахсони дигар қарор дорад.
Ба гуфтаи хадамоти матбуотии Усмонов, аз соли 2023 то имрӯз вакилони ӯ дар Олмон даҳ қарори судӣ ва манъи нашр ба даст овардаанд алайҳи расонаҳое, ки беасос моликияти ғайриманқул ва дигар дороиҳоро ба Усмонов нисбат медоданд.
Иддаоҳои бардурӯғ дар бораи моликияти яхта, ба гуфтаи намояндагони Усмонов, ҳамчун асос барои таҳримҳо алайҳи хоҳараш Исмоилова ва кофтукоби моликият истифода мешуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ