Алоқаи  боэътимод дар  ҳар гуна боду ҳаво

Заминҷунбӣ, сангрезиш, тарма ва сел  дар Тоҷикистони серкӯҳ   кам нест.  Дар зимистон ба ин боридани барф, шамолҳои сахт ва сармо зам мешавад. Аммо ҳатто дар шароити шадид, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ бояд кор кунанд.  Муҳим аст, ки муштариён бо наздикону пайвандон, табибон ё наҷотдиҳандагон дар тамос бошанд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон бо боварии комил мушкилоти   офатҳои табииро паси сар  менамояд.  

Кормандони алоқа  ҳанӯз  дар  лаҳзаи интихоби ҷой  барои насби  таҷҳизот дар фикри    ҳодисаҳои эҳтимолӣ  ҳастанд.   Оё дар нишебиҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма зиёд аст? Ин маънои онро дорад, ки мо бояд нуқтаи дигари бехатарро пайдо кунем. Аз ин ҷиҳат, муҳандисони  ширкати  “МегаФон Тоҷикистон” таҷрибаи беназир доранд,  қисми зиёди пойгоҳҳои   базавии оператор дар манотиқи баландкӯҳ насб шудаанд. Таҷҳизот на танҳо дар ҷойҳое гузошта мешавад, ки хатари обхезӣ ва сангрезиш вуҷуд надорад, балки дар биноҳо ё контейнерҳои махсусе ҷойгир карда мешавад, ки аз сармо, шамол ва барф муҳофизат мекунанд.     

Вазифаи дуюм – таъмини  нерӯи   барқ  мебошад.   Ҳамаи пойгоҳҳои   базавӣ ва дигар иншооти муҳими  инфрасохтор дорои системаҳои захиравии  нерӯ  мебошанд. Ба зумраи  онҳо   генераторҳои дизелӣ, батареяҳои аккумуляторӣ, генераторҳои бодӣ, панелҳои офтобӣ мансубанд.  Аксар вақт якчанд манбаъҳои гуногуни  нерӯи  барқ  якбора истифода мешаванд. Охир, дар фасли зимистон дар кӯҳсор ба генератори  дизелӣ зуд сузишворӣ пур карда  намешавад,  аз сабаби боридани барфи зиёд барои  рафтан ба  назди  баъзе пойгоҳҳои базавӣ якчанд шабонарӯз  лозим меояд.   Аз ин рӯ, дар мавридҳои зарурӣ   манбаъҳои  иловагӣ   фаъол карда мешаванд. Ин амал  комилан ба таври автоматӣ   ё  фосилавӣ аз пулти  муҳандисоне, ки кори шабакаро ба таври шабонарӯзӣ назорат мебаранд, сурат мегирад.      

Чунин назорат дар реҷаи 24/7,  махсусан, дар ҳолатҳое муҳим аст, ки офатҳои табиӣ  ягон  пойгоҳи базавиро  аз кор мебароранд.  Вақте ки он хомӯш   мешавад, муҳандиси   навбатдор  трафикро  ба дигар  пойгоҳҳо  ва   каналҳои  иловагии   алоқа «мегузаронад», ба ҷои  вайроншуда бригадаи таъмирӣ  фиристода мешавад, ки дар дилхоҳ вақт   ба кор омода аст. Натиҷа ин аст, ки дар аксари ҳолатҳо, муштариён дар алоқа    мемонанд ва ҳатто намедонанд, ки муҳандисони ширкат маҷбур буданд   фавран барои рафъи  ҳолати фавқулодда ба маҳалли онҳо   раванд.      

Ба ҳар сурат,  пешбинии   ҳолатҳои фавқулодда ва  пешгирии ҳар гуна вайрониву  носозиҳо  хеле муҳим аст. Чунончи, қабл аз фарорасии фасли сармо, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» биноҳоеро, ки дар онҳо пойгоҳҳои   базавӣ ҷойгиранд,  ва унсурҳои  алоҳидаи инфрасохторро бо масолеҳи  гармирасон   мепӯшонанд.  Масалан, дар ноҳияҳои баландкӯҳи ВМКБ, ки дар фасли зимистон ҳарорат аз ҳама паст аст, тирамоҳи соли гузашта модемҳои спутникиро рӯйпӯш  намуданд. Дар пойгоҳҳои  базавии тамоми қаламрави кишвар  ба сузишвории дизелӣ маводи антигел  илова карда мешавад. Ҳатто дар рӯзҳои сахттарини зимистон таҷҳизот  бояд кор кунад.    

«Вазифаи мо —  ташкили инфрасохтори   «изофавӣ» аст. Ин маънои мавҷудияти каналҳои алтернативии интиқоли трафик, хатҳои эҳтиётии алоқа ва манбаъҳои захиравии барқро дорад. Бале, сохтани чунин шабака мушкилтар аст. Аммо маҳз ҳамин тавр  метавон алоқаи  воқеан ҳам  боэътимодро,  ки  ба номусоидии обу ҳаво вобастагӣ надорад, таъмин кард”, — мегӯяд директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил Аглямов.          

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *