Амирзода сокинони аз заминларза осебдидаро аёдат кард
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба аёдати сокинони аз заминларза зарардидидаи ноҳияи Рашт рафт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин вазорат, сабаби асосии сафари муовини вазир аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии шаҳрвандони аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мебошад.
Гуфта мешавад, ки аснои боздид аз ноҳияҳои мазкур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон бо рафти табобати як қатор беморон шинос гардид.
Инчунин манбаъ қайд кард, ки номбурда барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар маконҳои офати табиӣ намояндагони вазорат бо шаҳрвандон суҳбати озод анҷом дода, ба онҳо дар самти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ маслиҳат ва тавсияҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Дар натиҷаи заминларза садҳо хонаву иншоот дар ин минтақа хароб гаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ