Ҳамкории судманд — тракторҳои замонавӣ

Дар чаҳорчуби ин барномаи саҳмгузории дутарафа, 18 деҳқон дар ноҳияҳои Хатлон соҳиби тракторҳои замонавӣ шуданд ва сентябри соли ҷорӣ ба 22 деҳқони дигар ин таҷҳизот супорида мешавад.

Бо мақсади боло бурдани сатҳи самаранокии маҳсулоти кишоварзӣ Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барномаи саҳмгузории дутарафа барои ташвиқи технологияҳои нав ва пешрафта пешниҳод кардааст, ҳамчунин хизматрасониҳои пулакӣ барои коркарди боғу токҳо ва дигар заминҳои кишоварзӣ ташкил кардааст.

Қобили зикр аст, ки бадин васила даромади деҳқонон аз ҳисоби зиёд кардани ҳосилнокӣ ва сифати зироатҳо афзоиш ёфта, иқтидори фурушандаҳои масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияҳои зидаҳли Лоиҳа равнақ меёбад. Дар чаҳорчуби ин барномаи саҳмгузории дутарафа, 18 деҳқон дар ноҳияҳои Хатлон соҳиби тракторҳои замонавӣ шуданд ва сентябри соли ҷорӣ ба 22 деҳқони дигар ин таҷҳизот супорида мешавад.

Тибқи муқарарот 50% арзиши ин тракторҳоро лоиҳа пардохт карда, 50% дигарро худи деҳқонон мепардозанд. Зимни маросими супоридани тракторҳо, ки нимаи аввали моҳи август дар ноҳияи Кушониён бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Хатлон, ташкилоти байналмилалии “Кемоникс Интернейшнл”, Агентии ИМА оид ба рушди баналмилалӣ (USAID) иштирок карда, воридоти технология ва техникаи навинро ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон гоми муҳим арзёбӣ карданд.

Иқдоми мазкур ба ҳолати моливу иҷтимоии хоҷагӣ таъсири назаррасе мерасонад, зеро ин даромади иловагӣ ба буҷаи хоҷагиҳо мешавад. Лоиҳа дар навбати худ барои ҷалби деҳқонон барои иҷораи тракторҳо мусоидат мекунад, то ки ҳам соҳибони трактор ва ҳам деҳқононе, ки имкони харидории тракторро надоранд, ин тракторҳоро ба иҷора гирифта, бо кор таъмин мешаванд ва маҳсулоти хушсифатро бо истифода аз техникаи муосир, бе истифодаи барзёи қувваи инсонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд.

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” (дар оянда «Лоиҳа») барои расонидани кӯмак ба деҳқонон дар минтақаи ҳадафии Лоиҳа дар ҷанубу ғарби вилояти Хатлони Тоҷикистон барои рушд додан, гуногун сохтан ва боло бурдани арзиши маҳсулоти кишоварзии онҳо, аз он ҷумла маҳсулоти ширӣ, бо мақсади ҳалли масъалаи камбудии ғизо ва барзиёд будани маҳсулот дар бозор таҳия шудааст.

Мақсади Лоиҳа дастгирии деҳқонони маҳаллӣ, таввасути барномаи саҳмгузории дутарафа барои беҳтар намудани дастрасӣ ба таҷҳизоти кишоварзии пешқадам мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *