Амонатбонк дар қатори беҳтарин ташкилотҳои молиявӣ оид ба дастгирии бонувони соҳибкор

12-уми майи соли равон дар маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута баргузор гардид, “Амонатбонк” сазовори ҷойи дуюм дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” дониста шуд.

Озмуни мазкур дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023–2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон то соли 2027” роҳандозӣ шуда, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2024 аз рӯйи чор номинатсияи муҳими марбут ба дастгирии бонувони соҳибкор баҳогузорӣ гардид.

Ин дастовард натиҷаи фаъолияти пайваста ва сиёсати иҷтимоии “Амонатбонк” дар самти дастгирии занони фаъолу ташаббускор маҳсуб ёфта, бозгӯи саҳми назарраси бонк дар рушди соҳибкории занон ва тақвияти нақши онҳо дар иқтисоди кишвар мебошад.

“Амонатбонк” минбаъд низ сиёсати дастгирии занони соҳибкорро идома дода, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба онҳо чораҳои мушаххасро роҳандозӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *