Амонатбонк. Фоида, сармоя ва андоз – нишондодҳо рӯ ба афзоиш
Дар нимсолаи якуми соли 2025 Амонатбонк нишондиҳандаҳои муҳими молиявиро ба таври назаррас беҳтар намудааст. Фоидаи бонк то андозбандӣ ба 96,1 млн сомонӣ ва пас аз андозбандӣ ба 77 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд мебошад. Сармояи умумии бонк ба зиёда аз 1 млрд сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 12,4% афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет 62,1 млн сомониро ташкил дода, 22,6% бештар аст. Дар ин бора Алиҷон Салимзода, раиси Амонатбонк зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Амонатбонк пешсаф дар ҷалби пасандозҳо
Бақияи умумии пасандозҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) ба санаи 30-юми июни соли 2025 ба 7,7 млрд сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,7% афзоиш ёфта, мавқеи бонкро дар низоми бонкии кишвар мустаҳкамтар намудааст. Аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ 2,9 млрд сомонӣ (+18,1%), пасандозҳои муҳлатнок 1,3 млрд сомонӣ (+16,6%), фоизҳои пардохтшуда ба аҳолӣ 52,6 млн сомонӣ (+31,9%)-ро ташкил медиҳад. Амонатбонк ҳамзамон ду маҳсулоти нави пасандозиро роҳандозӣ намудааст: “Имконият” бо рубли русӣ ва “Дастрас” платформаи рақамӣ бо сомонӣ ва доллар аст.
Сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ
Амонатбонк ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши воқеии иқтисод иқдомҳои муассир андешидааст. Хати қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон 15,6 млн доллар ва хати қарзии аккредитивӣ бо “KAZAKHEXPORT” 24,6 млн доллар ва шартнома бо Бонки давлатии рушди Хитой 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
1 млрд сомонӣ ба беш аз 28 ҳазор мизоҷ
Дар соли равон ҳаҷми умумии қарздиҳӣ ба 1 млрд сомонӣ расидааст, ки 7,9% зиёд аст. Аз ҷумла, саноат – 11,1%, кишоварзӣ – 17,6%, қарзҳои истеъмолӣ – 54,2%, сохтмон – 9,1%, тиҷорат – 6,8% ва соҳаҳои дигар – 1,2%-ро ташкил медиҳад.
Қарзҳои ипотекӣ низ афзоиши назаррас доранд. Ба 113 нафар дар ҳаҷми 34 млн сомонӣ, ки 4 маротиба зиёдтар нисбат ба соли гузашта мебошад.
Амонатбонк сиёсати фоизии худро низ таҷдид намуда, барои соҳаҳои афзалиятнок фоизҳоро коҳиш дод: сохтмон – 20% (-4%), саноат – 18% (-2%), кишоварзӣ – 19% (-2%), тиҷорат – 22% (-2%), ипотека аз 14% то 18% вобаста ба мақсад. Ҳоло қарзҳо бо пули миллӣ бо фоизҳои 10% то 24% ва бо асъори хориҷӣ 7% то 12% пешниҳод мешаванд.

Пешсаф дар рақамикунонии низоми молиявӣ
Амонатбонк ба рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамигардонии хизматрасониҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад: 5 086 адад таҷҳизоти электронӣ (POS-терминалҳо), 3 658 QR-рамз дар муассисаҳо ва бахши хусусӣ, 16 550 ташкилот ба интернетбонкинг пайваст шудаанд.
Гардиши маблағ тавассути кортҳо 17,2 млрд сомонӣ (+22,4%)-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ба 40% расидааст.
Масъулияти иҷтимоии Амонатбонк
Амонатбонк дар иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ низ фаъол аст. Мактаб-интернати №5-и шаҳри Душанбе зери сарпарастии Амонатбонк қарор дорад. Ба маблағи 45,3 ҳазор сомонӣ маводи зарурӣ дастрас гардидааст. Кумакҳои хайриявии расонидашуда 353,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар рӯзҳои шанбе ҳамчун рӯзи қабули шаҳрвандон, ба шахсони ниёзманд кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.


Бонки мардумӣ
Амонатбонк дар нимсолаи аввали соли 2025 собит сохт, ки ҳамчун бонки мардумӣ ва боэътимод на танҳо дар рушди соҳаи бонкдорӣ, балки дар пешбурди иқтисоди миллӣ ва дастгирии аҳолӣ саҳми муассир дорад. Ҳоло Амонатбонк ба сӯйи марҳилаҳои нави рушд қадам мегузорад.
Ҳаҷми сармоя аз 1 миллиард сомонӣ гузашт
Ҳаҷми сармояи Амонатбонк дар нимсолаи аввали соли 2025 ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз зиёд мебошад. Амонатбонк ҳамчун яке аз ниҳодҳои пешбари низоми бонкии кишвар саҳми назаррас дар таъмини дастрасии молиявӣ ва дастгирии бахшҳои афзалиятноки иқтисод дорад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо ба соҳаи саноат 130 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат оид ба рушди истеҳсолоти ватанӣ сурат мегирад. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии донишҷӯён, хонандагон ва падару модарони онҳо, Амонатбонк иқдоми махсуси «Нури дониш»-ро роҳандозӣ намудааст. Тибқи он, шахсони хоҳишманд метавонанд бо фоизи 16% солона маблағи аз 10 то 30 ҳазор сомонӣ қарз гиранд. Ин қарз ба ҳадафи дастгирии хароҷоти таҳсил ва ниёзҳои омӯзишии донишҷӯён равона шудааст.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ