Амонатбонк. «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Ашт
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» барои наврасону ҷавонон ва бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо иштироки 800 нафар муҳассилини мактабҳои миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар филиали №26-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд чорабинии хотирмон ва судманд доир гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзуҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, алалхусус «Хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат – мобайл», «Хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ», нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.


Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба мавзуҳои соҳавӣ суолҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посух гардонда шуд. Ҳамзамон ба кулли иштирокчиёни чорабинӣ туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.
Боиси қайд аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ